Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Сохтори дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
1.Мутахассиси пешбари (зоотехник) раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Вахш,1-ҷой,музди маош-768 сомонӣ.
2.Мутахассиси пешбари бахши бойгони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш 1-ҷой,музди маош-768 сомонӣ.
3. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш 1-ҷой,музди маош-630 сомонӣ.
4.Сармутахассис оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш 1-ҷой,музди маош-984 сомонӣ.
5.Мутахассиси бахши фарҳангӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш 1-ҷой,музди маош-630 сомонӣ.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
1.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзимва ҷашну маросимҳои Ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 894,0 сомонӣ.
2.Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 894,0 сомонӣ.
3.Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 894,0 сомонӣ.
4.Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 894,0 сомонӣ.
5.Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 894,0 сомонӣ.
6.Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарби Ҷамоати шаҳраки Киров,1-ҷой, музди маош-732 сомонӣ.
7.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Киров,1-ҷой, музди маош-732 сомонӣ.
8.Мутахассис андозғундори Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 630,0 сомонӣ.
9.Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 894,0 сомонӣ.
10.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 732,0 сомонӣ.
11.Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия- 1 ҷой, музди маош-894 сомонӣ.
12.Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия- 1 ҷой, музди маош-894 сомонӣ.
13.Мутахассис андозғундори Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 630,0 сомонӣ.
14.Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия- 1 ҷой, музди маош-894 сомонӣ.
15.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Машъал ноҳия- 1 ҷой, музди маош-732 сомонӣ.
16.Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳия- 1 ҷой, музди маош-894 сомонӣ.
17.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳия- 1 ҷой, музди маош-732 сомонӣ.
18.Мутахассиси пешбари соҳаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳия- 1 ҷой, музди маош-732 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомот;
-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-нусхаи диплом;
-2 дона расми 3x4;
-нусхаи дафтарчаи меҳнати;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад аз амволи шахсӣ;
-нусхаи РМА (рақами мушахаси андозсупоранла);
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
-хислатнома;
-маълумотнома оид ба вазъи саломати шакли 086 УЕ муқарраргардида;
-маълумотнома (спарвка-объективка);
-маълумотномаи доғи судӣ;
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғоли мансаби мутахассис
Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Вахш, Ҷамоати шаҳраки Вахш, кўчаи И. Сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш.
Телефон барои тамос: 8(83246) 2-37-82, 93-999-87-97
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








