Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Сармутахассиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иловагӣ ва интернатӣ-1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ
барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкурро таъмин карда метавонад;
- ба донистани забонҳои русӣ, англисӣ бартарӣ дода мешавад);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ-1032 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мутахассиси пешбари бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб- 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ
барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкурро таъмин карда метавонад;
- ба донистани забонҳои русӣ, англисӣ бартарӣ дода мешавад);
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ- 846 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои
зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони сардори раёсат;
-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-нусхаи диплом;
-2 дона расми ¾
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
-нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андоз супоранда).
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
-маълумотнома (справка-абъективка);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Бохтар, кўчаи Бобоҷон Ғафуров-17, бинои Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Телефон барои тамос: 2-38-80
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








