Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1. Сармутахассиси шуъбаи таъини нафақа ва кўмакпулиҳои раёсат дар шаҳри Конибодом - 1 ҷой;
2. Сармутахассиси шуъбаи раёсат дар ноҳияи Шаҳристон - 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касб муҳосибӣ;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаи ҳисобдории марказонидашудаи раёсатро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ-984,00 сомонӣ, (Шаҳристон-936,00 сомонӣ) иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъини нафақа ва кўмакпулиҳои раёсат дар ноҳияи Ашт -2 ҷой;
4. Мутахассиси пешбари маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Истаравшан – 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии иқтисодӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи таъини нафақа ва кўмакпулиҳо, инчунин оид ба назорати кўмакпулиҳои иҷтимоии Раёсати Агентиро ба танзим медароранд;
Маоши мансаби-804,00,00 сомонӣ, (Ашт – 768,00 сомонӣ)иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5.Мутахассиси шуъбаи таъини нафақа ва кўмакпулиҳои раёсат дар шаҳри Исфара - 1 ҷой;
6. Мутахассиси шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Бўстон – 1 ҷой;
7. Мутахассиси шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Истиқлол – 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбии иқтисодӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаи назорати кўмакпулиҳои иҷтимоии Раёсати Агентиро ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ-660, 00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 0,38);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;
-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣқабул карда мешаванд.
Суроғаиқабулиҳуҷҷатҳо:шаҳриХуҷанд, кўчаиФирдавсӣ№120, ошёнаи 4, утоқибахши кадрҳоиРаёсатиАгентиисуғуртаииҷтимоӣванафақаивилоятиСуғд, телефон 4-36-75, факс 4-36-75, суроғаиэлектронӣsugd@nafaka.tj
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








