01:18, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1. Сармутахассиси Хадамот дар минтақаи Кўлоб-1 ҷой, маоши мансабӣ 1086 сомонӣ.

2.Мутахассиси пешбари шуъбаи нозирони Хадамот-1 ҷой, маоши мансабӣ 888 сомонӣ.

3.Мутахассиси пешбари Хадамот дар вилояти Суғд-1 ҷой, маоши мансабӣ-888 сомонӣ.

4. Мутахассиси пешбари Хадамот дар минтақаи Зарафшон-1 ҷой, маоши мансабӣ-888 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари Хадамот дар минтақаи Бохтар-2-ҷой, маоши мансабӣ-888 сомонӣ.

6. Мутахассиси Хадамот дар минтақаи Кўлоб-1 ҷой, маоши мансабӣ-732 сомонӣ.

7.Мутахассиси Хадамот дар вилояти Суғд-1 ҷой, маоши мансабӣ-732 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

       -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (англисӣҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, MSWord, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо.

Талаботи тахассусӣ барои

мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ,ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

       -1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.                                       

       -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣMSWord, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣҳатмист.

Барои ишғолкунандагони мансабҳои

мутахассиси Хадамот:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.

Ба донанадагони забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Барои иштирок дар озмунҳуҷҷатҳои зерин
пешни
ҳод карда мешаванд:

  1. ариза ба унвонироҳбаримақомотидавлатӣ
  2. варақаишахсӣ
  3. тарҷумаиҳол
  4. маълумотнома (СИВИ)
  5. сурати 3х4 (4дона)
  6. нусхаишиноснома
  7. нусхаи диплом
  8. нусхаидафтарчаимеҳнатӣ
  9. нусхаидафтарчаиакдиникоҳ
  10. маълумотномаи андоз (ИНН)
  11. маълумот дар бораидаромадваваъзи молу мулк (эъломия)
  12. маълумотномаи тибӣ (шакли 0,38УЕ)
  13. маълумотномаоид ба доғисудӣ
  14. нусхаибилетиҳарбӣ
  15. маълумотнома аз ҷойиистиқомат

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

ш. Душанбе, кўчаи Ҳусейнзода-34, Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ, тел: 221-18-96

         Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рўз қабул карда мешаванд.

Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ пардохт мегардад.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон