Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Сардори раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-2300.00 сомонӣ.
2.Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофияи гражданӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1140.00 сомонӣ.
3.Сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1140.00 сомонӣ.
4.Мутахассиси пешбари раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-930.00 сомонӣ.
5.Мутахассиси пешбари раёсати корҳо-2ҷой, маоши мансабӣ-930.00 сомонӣ.
6.Мутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-768.00 сомонӣ.
7.Мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-768.00 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишѓоли мансаби сардори раёсат
-таҳсилоти олии касбӣ, меъморӣ ва сохтмонӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раванди кор ва кор бо тобеъон;
-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишѓоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишѓоли мансаби мутахассис
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Бароииштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои
зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаиРМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли0,38 УЕ;
- нусхаи суѓуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка- объективка).
Эзоњ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї њар моњ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.
Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе,хиёбони Ҳусейнзода-36.Телефон барои тамос:
221-98-59Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








