01:21, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ
  1. 1.Мудири бахши кадрҳо ва коргузорӣ – ҷой, маоши мансабӣ 1323 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқукии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд;

-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ба нақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хизмати давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣқабул карда мешаванд.

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.

Эзоњ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї њар моњ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.  

Суроѓа: шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс:(992 37)224-02-74, почтаи электронӣ: info@ahd.tj, Нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj.

                                                                                 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 23 24
25 26 27 28 29 30  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон