Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
-
1.Мудири бахши молия ва муҳосибӣ, 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосӣиқтисодӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, назорат ва ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ;
-доштани 3 соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 соли собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд;
-донистани забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) ва малакаи кор бо компютер аз рўи барномаҳои «MicrosoftOffice» «Word», «Excel» ва «1 С - бухгалтерия».
Маоши мансабӣ-1258,20 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари шўъбаи таъминоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирӣ ва фаъолияти илмӣ-иттилоотӣ-2 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии таърихнигорӣ – архившиносӣ ё дигар ихтисосҳои гуманитарӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) ва малака хуби кор бо компютер;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шўъбаро ба танзим медароранд.
Маоши мансабӣ-930.00 сомонӣ.
Эъзоҳ Иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифии ягона пардохт мегардад.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шўъбаи ташкилию методӣ, ҷамъоварӣ, ташхиси арзишнокии ҳуҷҷатҳо, бойгониҳои идоравӣ ва коргузории Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати 21 рўзи корӣ баъди чопи эълон дар шакли хаттӣқабул карда мешванд.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо; шаҳри Душанбе, кўчаи Неъмат Қаробоев – 38/1. Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур аз сомонаи Саридораи бойгонӣ шинос шаванд.
Телефонҳо 233- 95 – 71, 233 – 44 – 32, 233 – 49 – 28.
Сомонаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
rt_archiv@mail.ru
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








