Cарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
-
1.Сардори раёсати растанипарварӣ, чорводорӣ, селексия ва тухмии Сарраёсат-1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олӣ, ихтисос техника ва технологияи механиккунонии кишоварзӣ, зоотехник-агроном ;
-6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 2070 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мутахассис пешбари раёсати иқтисодиёти Сарраёсат-1ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ, гуманитарӣ- агрономӣ
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 846 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба номи сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳобо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
-тарҷумаиҳол (хаттӣ ва чопӣ);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-маълумотнома аз ҷоиистиқомат;
-маълумотнома оиди доғисудӣ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи шаҳодатномаи ақдиникоҳ;
-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билетиҳарбӣ (бароишахсоне, ки хизмати ҳарбиро адонамудаанд).
-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун, аз ҷониби сармутахассиси кадр, ҳуқуқ ва назорат қабул карда мешаванд.
Телефон
барои тамос: 2–89-80 919578982
Суроға: Шаҳри Бохтар, Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








