Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли мансаби зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
-
1.Мудирибахш (дарминтақаиКўлоб) – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои фарҳангшиносӣ, таърих, китобшиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад);
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасаоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд;
малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ 1323 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
-
2.Мутахассис оид ба театрҳо, боғҳои фарҳангӣ - 1ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои фарҳангшиносӣ, китобшиносӣ ва таърих бартарӣ дода мешавад);
-донистани таърих, фарҳанг, муқадассоти миллӣ, забони давалатӣ, санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассис-ро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ 696 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- аризаи ба унвони сардори Раёсат;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳнома (ИНН)
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ
- маълумотномаи доғи судӣ
- 2-дона расм 3х4
- -маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ
-
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
шаҳри Бохтар, кўчаи ба номи С. Вализода 3, бинои Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ошёнаи 2, утоқи 2.
Телефон барои тамос: 8 (3222) 3-20-28,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








