01:22, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

Дастгоҳи марказӣ:

1.Сардори шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо-1 ҷой, маоши мансабӣ-1458,00 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо-1 ҷой, маоши мансабӣ-888,00 сомонӣ.

3.Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-732,00 сомонӣ.

4.Муовини сардори раёсатиназорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1695,60 сомонӣ

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётӣ ш.Душанбе:

5. Муовини сардори раёсати ХДНТСН ш.Душанбе -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1695,60 сомонӣ;

6.Мутахассиси бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо дар ш.Душанбе-1 ҷой, маоши мансабӣ-696,00 сомонӣ.

7.Сармутахассиси шуъбаи раёсати Хадамот дар н.Фирдавсӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-1032,00 сомонӣ;

Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётӣ минтақаи Кӯлоб:

8. Мудири бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо дар минтақаи Кўлоб -1 ҷой, маоши мансабӣ-1085,40 сомонӣ.

9.Сармутахассиси шуъбаи раёсати минтақавии Хадамот дар н.Данғара-Балҷувон-1 ҷой, маоши мансабӣ- 936,00 сомонӣ.

10.Мутахассиси пешбари шуъбаи раёсати минтақавии Хадамот дар н.Данғара-Балҷувон-1 ҷой, маоши мансабӣ-630,00 сомонӣ.

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётӣ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон:

11. Мудири бахши баҳисобгирии муҳосибавии раёсат-1 ҷой, маоши мансабӣ-1139,00 сомонӣ.

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётӣвилояти Суғд:

12. Мутахассиси шуъбаи раёсат дар н.Спитамент-Ҷ.Расулов-Мастчоҳ- 1 xой, маоши мансабӣ-630,00сомонӣ.

                         Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётӣминтақаи Ҳисор:

13.Мудири бахши баҳисобгирии муҳосибавии раёсат-1 xой, маоши мансабӣ-1139,00сомонӣ.    

14. Нозири кадрҳо-ҳуқуқшиноси (сармутахассис)-и раёсат-1 xой, маоши мансабӣ-1032,00сомонӣ.

Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётӣ минтақаи Рашт:

15.Мутахассиси пешбари шуъбаи Тоҷикобод-Лахш-1 xой, маоши мансабӣ-768,00сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои мансаби муовини сардори раёсат:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.

Барои мансаби сардори шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.

Барои мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.

Барои мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони сардори Хадамот (шакли муқарраргардида);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое,ки шахс собиқаи меҳнатӣ

надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

- маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ );

- маълумотнома аз ҷои истиқомат.

- маълумотнома (справка-объективка);

- хислатнома;

- дело (скоросшиватель);

Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо нишонии ш.Душанбе, кўчаи Ҷ.Расулов - 9/3қабул карда мешаванд.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз.

Телефонҳо: 235-57-24; 919703131,Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон