Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад:
1.Сармутахассиси раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи
лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои
об-1 ҷой, маоши мансабӣ- 1200 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (англисӣ – ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо)
2. Мутахассиси пешбари раёсати сиёсати энергетика ва захираҳои об, рушди илму техника-1 ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари раёсати захираҳои об-1 ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумии раёсати корҳо-1 ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ.
5. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ-1 ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ;
6. Мутахассиси пешбари бахши котибот-1 ҷой, маоши мансабӣ-978 сомонӣ.
Талаботи тахасусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ,ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
7. Мутахассиси раёсати мониторинги сохтмони иншооти обӣ ва энергетикӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ-804 сомонӣ.
8. Мутахассиси раёсати электроэнергетика-1 ҷой, маоши мансабӣ-804 сомонӣ.
9. Мутахассиси раёсати захираҳои об-1 ҷой, маоши мансабӣ-804 сомонӣ.
Талаботи тахасусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, 2 дона ва 4х6, 2 дона);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №0,38УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалӣ эълон дар шакли хаттӣқабул карда мешаванд.
Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1, тел.235-97-68, mewr.tj, e-mail: kadr vazorat @ mail.ru
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








