01:23, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

Дастгоҳи раиси шаҳр

1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо – маоши мансабӣ-984 сомонӣ

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон – маоши мансабӣ-804 сомонӣ

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳр

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанг – маоши мансабӣ - 804 сомонӣ.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр

1. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов – маоши мансабӣ- 984 сомонӣ.

2. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансабӣ - 984 сомонӣ.

3. Мутахассиси пешбар (оид ба корҳои муҳосиби)-и Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев – маоши мансабӣ - 804 сомонӣ.

4.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев – маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

5. Мутахассиси (оид ба корҳои ҳисобчӣ хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов – маоши мансабӣ 660 сомонӣ.

6. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чуянгарон – маоши мансабӣ 984 сомонӣ.

7. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Ромит - маоши мансабӣ - 984 сомонӣ.

8. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ромит – маоши мансабӣ - 984 сомонӣ.

9.Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансаби - 984 сомонӣ.

10.Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансаби - 984 сомонӣ.

11.Сармутахассис (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансаби - 984 сомонӣ.

12. Мутахассиси пешбари (ҳисобчӣ) Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансаби - 804 сомонӣ.

13. Мутахассис (нозири мизи ҳарбии бақайдгирии) Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансабӣ 660 сомонӣ.

14. Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати шаҳраки Н.Розиқ – маоши мансабӣ - 984 сомонӣ.

15. Мутахассиси пешбари (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Чуянгарон – маоши мансабӣ - 804 сомонӣ.

16. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Чуянгарон – маоши мансабиаш 804 сомонӣ.

17. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Н.Розиқ – маоши мансабӣ - 984 сомонӣ.

18. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов – маоши мансаби - 984 сомонӣ.

19. Мутахассиси пешбар (хазиначӣ)-и Ҷамоати деҳоти Баҳор – маоши мансаби 804 сомонӣ.

20. Мутахассиси пешбар (оид ба корҳои САҲШ)-и Ҷамоати шаҳраки Н.Розиқ – маоши мансаби 804 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ

барои ишѓоли мансаби сармутахассис

       - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

       - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

       - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

       -  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

бароии шѓоли мансаби  мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишѓоли мансаби мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

–  малакаи кор бо компютер.

Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Ваҳдат, кўчаи 20-солагии Истиқлолият-12, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, телефон: (8-3136) 2-51-08 ва 2-35-75 Email:hukumat@vahdat.tj

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

       Эзоҳ:Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон