Хадамоти муҳоҷират барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказӣ
1.Мутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ–1 ҷой, маоши мансабӣ–732 сомонӣ.
2.Сардори шуъбаи ҳуқуқ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1458 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ–1 ҷой, маоши мансабӣ– 888 сомонӣ.
4.Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1458 сомонӣ.
5. Сардори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1458 сомонӣ.
6.Мутахассиси пешбари шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ѓайриқонунӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 888 сомонӣ.
7.Сармутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1086 сомонӣ.
7.Мутахассиси пешбари раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 888 сомонӣ.
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
8.Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1032 сомонӣ.
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ВИЛОЯТИ СУЃД
9.Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ –846 сомонӣ.
10.Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамот дар шаҳри Исфара– 1 ҷой, маоши мансабӣ –660 сомонӣ.
РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
11.Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1032 сомонӣ.
12.Мутахассиси пешбари Хадамот дар ноҳияи Данѓара– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768 сомонӣ.
13. Мутахассиси пешбари бахши Хадамот дар ноҳияи Носири Хусрав– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768 сомонӣ.
14. Мутахассиси пешбари бахши Хадамот дар ноҳияи Панҷ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768 сомонӣ.
15.Мутахассиси пешбари бахши Хадамот дар шаҳри Левакант– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768 сомонӣ.
ШУЪБАИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ВМКБ
16.Мутахассиси шуъбаи Хадамот дар ноҳияи Мурѓоб– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 960 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишѓоли мансаби сардори шуъба
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишѓоли мансаби мудири бахш
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишѓоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишѓоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
-маълумотнома оид ба доѓи Судӣ (ИЦ)
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;
- нусхаи суѓуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка- объективка)
Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, кўчаи Айнӣ - 121
Телефон барои тамос: 225-05 -73 ё 225-05-72
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








