Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматӣ давлатии зерин озмун эълон менамояд:
1.Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон-1ҷой, маоши мансаби-1323,58 сомонї;
2.Сармутахассиси бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон-1 ҷой, маоши мансаби-920 сомонї.
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби мудири шуъба;
- тањсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои мансаби сармутахассис;
- тањсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карода метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумуи ҳол;
- нусхаи диплом;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
- маълмотнома (справка – объективка);
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ (ИТС)
Ҳуҷҷатҳо дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалли эълон дар воситаҳои ахбори омма дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешавад.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: н.Шаҳристон, кӯчаи Истаравшан -16, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, тел: (83456) 2-64-15.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








