01:23, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1. Сармутахассиси бахши назорати кўмакпулиҳои иҷтимоии Раёсати Агентӣ дар н.Ашт-1 ҷой,маоши мансабӣ-936,00 сомонӣ.

2. Сармутахассиси шуъбаи таъини нафаќа ва кўмакпулиҳои Раёсати Агентӣ дар н. Мастчоҳ-1 ҷой,маоши мансабӣ-936,00 сомонӣ.

3. Сармутахассиси шуъбаи таъини нафаќа ва кўмакпулиҳои Раёсати Агентӣ дар ш.Конибодом-1 ҷой, маоши мансабӣ-984,00 сомонӣ.

4.Сармутахассиси Маркази минтаќавии баҳисобгирии инфиродии ш.Истаравшан-1 ҷой, маоши мансабӣ-984,00 сомонӣ.

         5. Мутахассиси пешбари бахши назорати кўмакпулиҳои иҷтимоии Раёсати Агентӣ дар ш. Конибодом-1 ҷой, маоши мансабӣ-804,00 сомонӣ.

         6. Мутахасиси пешбари шуъбаи таъини нафаќа ва кўмакпулиҳои Раёсати Агентӣ дар н.Ҷ.Расулов-1 ҷой, маоши мансабӣ-768,00 сомонӣ.

7. Мутахассиси шуъбаи Агентӣ дар ш. Истиќлол-1 ҷой, маоши мансабӣ-660 сомонӣ.

8.Мутахассиси шуъбаи таъини нафаќа ва кўмакпулиҳои Раёсати Агентӣ дар ш. Исфара-1 ҷой, маоши мансабӣ-660 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

барои ишѓоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, бо ихтисоси иќтисодӣ;

-2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаи таъини нафаќа ва кўмакпулиҳо, инчунин оид ба назорати кўмакпулиҳои иҷтимоии Раёсати Агентиро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

- малакаи кор бо компютер.

Барои ишѓоли мансаби

мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касби, ихтисоси иќтисодӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи таъини нафаќа ва кўмакпулиҳо, инчунин оид ба назорати кўмакпулиҳои иҷтимоии Раёсати Агентиро ба танзим медароранд;

-малакаи кор бо компютер.

Барои ишѓоли мансаби

мутахассис:

-таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ бо ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда муввофиќ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсати Агентиро ба танзим медароранд;

-малакаи кор бо компютер.

Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин

талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суѓд;

-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 0,38);

-нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доѓи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафаќаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд, баъди чопи аввали эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ ќабул карда мешаванд.

Суроѓаи ќабулиҳуҷҷатҳо: шаҳриХуҷанд, кўчаиФирдавсӣ120, ошёнаи 4, утоќибахши кадрҳоиРаёсатиАгентиисуѓуртаииҷтимоӣванафаќаивилоятиСуѓд, телефон 4-36-75, факс 4-36-75, суроѓаиэлектронӣsugd@nafaka.tj



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 31      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон