01:25, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои ишғоли мансаби зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ
  1. 1.Мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати рекламавии Раёсат - 1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва молиявӣ

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собикаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

            -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

            -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1258,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати хадамоти зидиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оид ба надоштани доѓи судӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-нусхаи шаҳодатномаи суѓуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ

Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо:

       шаҳри Бохтар, кўчаи Норинов 2/64, бинои Раёсати хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Телефон барои тамос: (83222) 2-76-72,

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

         ЭзоҳИловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон