Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи раиси шаҳр
1.Мудири бахши молия ва хоҷагӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1085,40 сомонӣ.
2.Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, анзорат ва муроҷиати шаҳрвандон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 984,00 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳр
1. Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдо - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 984,00 сомонӣ.
2.Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кудак - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 984,00 сомонӣ.
3. Сармутахассиси (зооинженер) Раёсати кишоварзии шаҳриҲисор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 984-00 сомонӣ.
4.Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 804,00 сомонӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 682-00 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр
1.Сармутахассиси (муҳандиси заминсози) Ҷамоати деҳоти Навобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 894,00 сомонӣ.
2.Сармутахассиси (муҳандиси заминсози) Ҷамоати деҳоти Ҳисор -1 ҷой, маоши мансабӣ – 894,00 сомонӣ.
3.Сармутахассиси (муҳандиси заминсози) Ҷамоати деҳоти Дурбат-1 ҷой, маоши мансабӣ – 894,00 сомонӣ.
4.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ - 894,00 сомонӣ.
5.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода-1 ҷой, маоши мансабӣ – 894,00 сомонӣ.
6.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сомон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 894,00 сомонӣ.
7.Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозѓундор)-Ҷамоати деҳоти Сомон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 732,00 сомонӣ.
8.Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозѓундор)-и Ҷамоати деҳоти Хонакоҳи Кўҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 732,00 сомонӣ.
9.Мутахассиси пешбари (оид ба корҳои омори) Ҷамоати деҳоти Алмосӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 732,00 сомонӣ.
10.Мутахассиси пешбари (кор бо занон ва ҷавонони) Ҷамоати шаҳраки Шарора - 1 ҷой, маоши мансабӣ 732,00 сомонӣ.
11.Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳотиҲисор- 1 ҷой, маоши мансабӣ 732,00 сомонӣ.
12.Мутахассиси пешбари (кор бо занон ва ҷавонони) Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 732,00 сомонӣ.
13.Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Навобод- 1ҷой, маоши мансабӣ 732,00 сомонӣ.
14.Мутахассиси (оид ба корҳои омори) Ҷамоати деҳоти Дурбат- 1 ҷой, маоши мансабӣ 600,00 сомонӣ.
15.Мутахассиси (кор бо занон ва ҷавонони) Ҷамоати деҳоти Алмосӣ- 1ҷой, маоши мансабӣ 600,00 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби мудири бахш
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Ҳисор, кўчаи И.Сомонӣ 10, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, телефон: (8-3139) 2-63-00, 900-06-88-10, Email:mihd_hisor@mail.ru
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ:Иловапулӣбамаошимансабӣбароисобиқаихизматидавлатӣҳармоҳбаандозаимуқарраргардидапардохткардамешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








