01:24, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

  1. Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.

  2. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768 сомонӣ.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия

1.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Меҳробод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 774 сомонӣ.

2.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Мискинобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 774 сомонӣ.

3.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Вашгирд-1 ҷой, маоши мансабӣ – 774 сомонӣ .

4.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Д.Алиев -1 ҷой, маоши мансабӣ – 774 сомонӣ.

5.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Мискинобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ.

6.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Ҷавонон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ.

7.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт-1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ.

8.Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Бўстон- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ.

9.Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҷавонон- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ.

10.Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Мискинобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ.

11.Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Қалъваи Дашт - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ.

12.Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати шаҳраки Файзобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ.

13.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Бустон-1 ҷой, маоши мансабӣ – 600 сомонӣ.

14.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод-1 ҷой, маоши мансабӣ – 600 сомонӣ.

15.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Д.Алиев-1 ҷой, маоши мансабӣ– 600 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  №038;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ

       барои ишѓоли мансаби  сармутахассис

       - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

       - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

     - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

     -  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

   барои ишѓоли мансаби  мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

           барои ишѓоли мансаби  мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.

Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Файзобод, кўчаи Сомонӣ-53 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, телефон: (8-31-35) 3- 22- 81, 3- 30-98, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">m.i.h.d-1987@mail.ru

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

       Эзоҳ:Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 27
28 29 30 31      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон