Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи раиси ноҳия
1.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа-1 ҷой, маоши мансабӣ-936,00 сомонӣ.
2.Сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон-1 ҷой, маоши мансабӣ-936,00 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768-00 сомонӣ.
4.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768-00 сомонӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 630-00 сомонӣ
Воҳидҳои сохтории маќомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
1. Сармутахассис (сарагроном)-и шуъбаи кишоварзӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари бахши рушди иќтисод ва савдо - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
Маќомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия
1.Сармутахассиси (мухандиси заминсози) Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 936,00 сомонӣ.
2.Сармутахассиси (муҳандиси заминсози) Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 936,00 сомонӣ.
3.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ.
4.Сармутахассиси (муҳандиси заминсози) Ҷамоати деҳоти М.Шогадоев – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 936,00 сомонӣ.
5.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Нушор-1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ.
6.Мутахассиси пешбари (коргузори) Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
7.Мутахассиси пешбари (нозири мизи баќайдгирии ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Ќалъаи лаби об-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
8.Мутахассиси пешбари (нозири мизи баќайдгирии ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти М.Шогадоев-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
9.Мутахассиси пешбари (омори) Ҷамоати деҳоти Ќалъаи лаби об-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
10.Мутахассиси пешбари (нозири мизи баќайдгирии ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Нушор-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768,00 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари маќомоти давлатӣ;
- вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёна и касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроѓаи ќабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Тоҷикобод, шаҳраки Тоҷикобод, кўчаи И.Сомонӣ-13, маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод.
Телефон: (8-31-54) 2- 14- 10, 2- 14-10
Ќабули ҳуҷҷатҳо тибќи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ:Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиќаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








