Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1. Сардори шуъбаи муҳосибот-1ҷой, маошимансабӣ- 1207сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон
-таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ, муҳосибӣ;
-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ (аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» ва Низомномаи Агентӣ), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирӣ, кор карда тавонистан бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва зертобеъонро дошта бошад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи андозаи 3х4, 4 дона);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №0,38УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- тавсифнома аз ҷои кори пешина.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши ҳуқуқ ва кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣқабул карда мешаванд.
Суроѓа: ш. Душанбе, кўчаи Айнӣ-127, индекс: 734029, тел. 225-44-66, 225-03-31
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








