Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгохи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансаби 1009 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.
5. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ.
6. Мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ.
МАЌОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ:
1. Сармутахассис-заминсозӣҶамоати шаҳраки Оби Гарм 1- ҷой маоши мансаби 909-сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.
4. Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ.
5. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну мароисмҳои Ҷамоати деҳоти Ќади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ 909 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Ќади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ќади Об -1ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.
8. мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Ќади Об- 1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ.
9. сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну мароисмҳои Ҷамоати деҳоти Сичароѓ-1 ҷой, маоши мансабӣ 909 сомонӣ.
10. мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сичароѓ -1ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари маќоми давлатӣ (Раиси шаҳр)
-вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати андозаи 4 х 6)
- тарҷумаи ҳол
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи меҳнатӣ надорад)
- нусхаи шиноснома
-нусхаи син
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ
- раќами мушаххасси андозсупоранда
-маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз нозироти андоз)
-маълумотнома оид ба надоштани доѓи судӣ
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:
Барои ишѓолкунандагони мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Барои ишѓолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин
карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроѓаи ќабули ҳуҷҷатҳо;
Маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роѓун (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефоҳо: 8 (3134) 21-2-68
ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рўз ќабул карда мешавад
Эзоҳ: Ҳамзамон довталабон ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо тариќи почтаи электронии roghun.kadrho@mail.ru метавонанд ирсол намоянд, инчунин, метавонанд нашри эълони озмунро дар сомонаи www.roghun.tj, www.ahd.tj дастрас намоед.Иловапулӣба маоши мансабӣбарои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








