Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
1. Мутахассиси пешбари Шуъбаи кишоварзӣ-1 ҷой, музди меҳнат 768 сомонӣ;
2. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768 сомонӣ.
3. Мутахассиси шуъбаи аттестатсионии Раёсати маориф - 1 ҷой, музди меҳнат 630 сомонӣ;
4. Мутахассиси пешбари хадамоти назорат дар соҳаи маорифи раёсати маорифи ноҳияи Варзоб-1 ҷой, музди меҳнат 768 сомонӣ;
5. Мутахассиси пешбари Бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб-1 ҷой, музди меҳнат 768 сомонӣ;
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия
1. Нозири мизи бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Лучоб- 1 ҷой, музди меҳнат 732 сомонӣ;
2. Сармутахассис - сармуҳосиб (омор)-и Ҷамоати деҳоти Лучоб-1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
3 Сармутахассис - сармуҳосиб (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ-1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
4. Сармутахассис, муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ- 1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
5. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ- 1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
6. Сармутахассис, муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа- 1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
7. Мутахассиси пешбари (робита бо ҷомеа) Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа - 1 ҷой, музди меҳнат 732 сомонӣ;
8. Сармутахассис - сармуҳосиб (омор)-и Ҷамоати деҳоти Деҳмалик-1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
9. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Деҳмалик- 1 ҷой, музди меҳнат 732 сомонӣ;
10. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Деҳмалик-1 ҷой, музди меҳнат 600 сомонӣ;
11. Сармутахассис, муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Зидеҳ-1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
12. Сармутахассис - сармуҳосиб (омор)-и Ҷамоати деҳоти Зидеҳ -1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
13. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷамоати деҳоти Зидеҳ - 1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
14. Мутахассиси пешбари (робита бо ҷомеа) Ҷамоати деҳоти Зидеҳ - 1 ҷой, музди меҳнат 732 сомонӣ;
15. Сармутахассис, муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Чорбоѓ- музди меҳнат 894 сомонӣ;
16. Сармутахассис - омори Ҷамоати деҳоти Чорбоѓ - 1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ;
17. Сармутахассис, муҳандис – заминсози Ҷамоати шаҳраки Такоб - 1 ҷой, музди меҳнат 894 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Варзоб, мавзеи Зоѓар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ошёнаи 1-ум. Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Телефон: (8-31-53) 52-11-98, Email:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">varzob.dastgoh@mail.ru, www.Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">varzob.tj.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ:Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








