01:25, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1. Муовини сардори раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ (ба таҳсилоти олии ихтисосҳои кишоварзӣ бартарӣ дода мешавад);

-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабиро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ-1539,0 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)

 

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ-765,0 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)

 

3. Сармутахассис(муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Фрунзе– 1 ҷой ;

4. Сармутахассис(муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Узун– 1 ҷой;

5. Сармутахассис(муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ҳалевард– 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратор, агроном, агрокимиё ва хокшиносӣ, геодезия, топограф ва харитасоз бартарӣ дода мешавад);

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ-932,65 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)

6. Сармутахассиси дин танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Узун – 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии диншиносӣ, шарқшиносӣ (арабӣ, форсӣ, урду, пашту), ҳуқуқшиносӣ, фалсафӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ, филологияи тоҷик, омўзгори фанҳои таърих, таърих ва ҷамъиятшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърих ва педагогика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти узбек, забон ва адабиёти қирѓиз (бо бартарӣ додан ба ихтисоси диншиносӣ, шарқшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ) бартарӣ дода мешавад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии сармутахассисро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 932,65 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)

7. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Маданият– 1 ҷой;

8. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Гулистон– 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 765,0 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)

 

9. Мутахассиси пешбар - нозири мизиҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Калинин – 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешавад);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд.

Бароииштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешни
ҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми4х6;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

- нусхаи суѓуртаи иҷтимоӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.

Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, кўчаи Туѓаланг, 6, бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Телефон барои тамос: +992 (3247) 4-28-09, 4-33-35

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

ЭзоҳИловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон