01:26, 07 Июли 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия

     1.Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия-1ҷой, маошимансабӣ-894,98 сомонӣ

2.Сармутахассис- сарагрономи шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия-1-ҷой, маошимансабӣ-894,98 сомонӣ

3.Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоииаҳолӣ мақомотииҷроияиҳокимиятидавлатииноҳия-1ҷой, маошимансабӣ-732,98 сомонӣ

        

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

4.Сармутахассис- заминсоз дар ҶамоатидеҳотиЛоҳутӣ-1ҷой, маошимансабӣ-894,98 сомонӣ

5.Мутахассиси пешбар оиди робита бо ҷомеа дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутї-1ҷой, маошимансабӣ-732,98 сомонӣ

6.Мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварииандоздарҶамоатидеҳотиШугнов-1ҷой, маошимансаби-732,98 сомнӣ.

Эзоҳ:  Иловапулї ба маоши мансабї барои собиқаи хизмати давлатї ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Барои иштирок дар озмун 
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатї бо шакли дар замимаи 1

пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатї (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатї надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатї дар шакли 0,38 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбї (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд).

-гувоҳнома дар бораи надоштани доѓи судї

Талаботи тахассусї

барои ишѓоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатї ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатї;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатї.

-малакаи кор бо компютер.

Барои ишѓоли

мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорї ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатї.

-малакаи кор бо компютер.

Суроѓаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Ховалинг, кўчаи И.Сомонї 1, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия телефон: 8331720126

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмї.

Ба довталабоне,ки хизмати ҳарбироадонамудаанд, бартарӣдодамешавад.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон