User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

          Бо мақсади амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи занон, рушди захираи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, дарёфт ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани мавқеи устувори занон

дар ҷомеа дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 феврали соли ҷорӣ «Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат» 21 феврали соли ҷорӣ ифтитоҳ гардид.

        Дар маросими ифтитоҳи марказ ректори Академияи идоракунии давлатӣ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин, директори Агентии хизмати давлатии назди Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилобӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

          Масъулон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Имрӯзҳо бонувон дар тамоми соњањои хоҷагии халқ, аз ҷумла хизмати давлатӣ фаъолияти пурсамар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор қонунҳо, стратегияву барномаҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва ғайраҳо қабул гардиданд.

         Дар соҳаи хизмати давлатӣ бо мақсади дастгирии бонувон мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида шуда, теъдоди бонувон низ сол аз сол меафзояд. Мувофиқи маълумоти омори соҳаи хизмати давлатӣ то 1 январи соли 2022 бонувон дар маҷмўъ 24,1 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда бошад 19,3 фоиз занон фаъолият мекунанд.

         Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таҳкими иштироки занон дар хизмати давлатӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

 

                                                                                            Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон