ҲАМАИ ХАБАРҲО
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Бо арзи ихлосу эҳтиром Шуморо ба муносибати 70-солагии баҳори умратон табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ ва дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро хоҳонем.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Нимаи дуюми рӯзи 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣқарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.
Таъкид шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни воқеан муқаддасу бузург дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз бунёду азнавсозии 6967 иншооту биноҳо ба итмом расидааст, ки 91,9 фоизи нақшаи тасдиқшударо ташкил медиҳад.
Барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, инчунин, аҳолӣҷиҳати вусъат бахшидани корҳои боқимонда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти бунёдшаванда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 40,5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, тавассути амалисозии зиёда аз 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 25 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2016-2020-ум 192 лоиҳа ба маблағи 7,8 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи 243 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар ҷараёни татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мушкилоти вобаста ба истифодаи ҳамаҷонибаи имконияту захираҳои мавҷударо бартараф карда, ба ин васила барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоят мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки бо ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ инфрасохтори иҷтимоиву истеҳсолиро беҳтар намуда, ташкили коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва технопаркҳои замонавиро боз ҳам густариш диҳанд.
Вобаста ба иҷрои босифат ва саривақтии буҷет ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин, масъулини вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣқариб 1,5 миллиард сомонӣқарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 фоиз зиёд мебошад.
Бонкҳои давлативу саҳҳомӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии низоми бонкии мамлакат вазифдор шуданд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахши соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки фаъолияти худро вобаста ба татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ташкили корхонаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тақвият бахшида, доир ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбута барои ба кор даровардани иқтидорҳои истифоданашудаи корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Илова бар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сармоягузорон барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти соҳаи саноати истихроҷ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар дастур дода шуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани ду-се ҳосил ва бунёди гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ таваҷҷуҳи махсус равона сохта, тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешанд.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки барои ташкили фермаҳои чорвопарварӣ ва корхонаҳои парандапарварию моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, инчунин, бо дарназардошти хушксолие, ки идома дорад, ҳарчи бештар истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ, тамоми имконияту захираҳоро сафарбар созанд.
Дар кори машварат таъкид шуд, ки ба хотири афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар роҳбарони сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои рушди содирот, махсусан, маҳсулоти коркардшудаи дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Барои рафъи мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла бахши маориф роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои соҳибкорон ҳарчи бештар бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, иҷрои босифати барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сифати таълим, чораҷӯӣ намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои пурра бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон, раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешгирӣ кардани барҳамхӯрии минбаъдаи ҷойҳои корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар охири кори машварат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои шоиста сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣҷалб карда, бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон бо азму талоши созанда барои амалисозии ҳадафҳои бобарор талоши бештар ба харҷ медиҳанд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти вилоят Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд.
Сарчашма: khovar.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх