АГЕНТИИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА НОЗИРОТИ САВДОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1. Сардори шуъбаи кадрҳо-1 ҷой, маоши мансабї-1230 сомонї.
2.Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоотонӣ-1 ҷой, маоши мансабї-1230 сомонї.
3.Сардори бахши шањодатномадињии кору хизматрасонї дар
МСМС ва НС-и вилояти Cуғд-1ҷой, маоши мансабї-900 сомонї.
4. Мудири озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва бактериологї дар МСМС ва НС-и вилояти Суѓд-1 ҷой, маоши мансабї-850 сомонї.
5.Мудири озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва
кишоварзии маркази минтақавии Тоҷикстандарт дар шаҳри Истаравшан-1 ҷой, маоши мансабї-850 сомонї.
6. Мутахассиси шуъбаи низоми идоракунии сифат-1 ҷой, маоши мансабї-550 сомонї.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби сардори шуъба
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури
маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ва ё 4 сол собиќаи хизмати давлатї;
-дониш ва малакаи роњбарї, идоракунї, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї;
-малакаи кор бо компютер ва ба донистани забонњои хориҷї, аз љумла, русї ва англисї афзалият дода мешавад.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби сардори бахш ва мудири озмоишгоҳ
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури
маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ва ё 3 сол собиќаи хизмати давлатї;
-дониш ва малакаи роњбарї, идоракунї, банаќшагирии раванди ко рва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва ба донистани забонњои хориҷї, аз љумла, русї ва англисї афзалият дода мешавад.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишѓоли мансаби мутахассис
-таҳсилоти олї ва ё миёнаи касбӣ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва ба донистани забонњои хориҷї, аз љумла, русї ва англисї афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои
зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо:ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 42/2, Агентии Тоҷикстандарт, тел: (+992 37) 233 65 96, 918 67 37 37, факс: (+992 37) 233 44 99,Сайти Интернетӣ:www.standard.tj, E-mail: info@ standard.tj
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








