АГЕНТИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Мудири бахши робитаҳои иқтисодӣ, хориҷӣ ва сармоягузорӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1095 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро барои иштирок
дар озмун эълон пешниҳод намоянд;
- Аризабаунвонироњбаримаќомотидавлатї;
- Вараќаишахсї баҳисобгирии кадрҳо;
- 3 дона акс (андозаи4х6);
- Ҳуҷҷаҳои тасдиқкунандаи таҳсилоти зарурии касбӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (диплом, шаҳодатнома,аттестат ва ғайра);
- Ҳуҷҷаҳои тасдиқкунандаи собиқаи умумии меҳнатӣ, аз ҷумла собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ);
- Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар (шакли 038УЕ);
- Нусхаишиноснома;
- Тарҷумаи ҳол;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- Маълумот дар бораидаромадваваъзи молу мулк (эъломия);
- Нусхаибилетињарбї;
- Ҳуҷҷатҳои дигаре, ки санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои дахлдори хизмати давлатӣ пешбинӣ менамояд.
Суроѓаи ќабули њуљљатњо:
кӯчаи Шамсӣ 5/1 тел 235-76-52
«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








