User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 29 марти соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи магистратураи дусолаи хизматчиёни давлатӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» барои солҳои таҳсили 2021-2022 (таҳсили шабона) баргузор гардид.

Дар ифтитоҳ муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Бибиосия қайд гардида, ки тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дорад. Аз ҷумла, соли 2009 инҷониб бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ курсҳои магистратураи як сола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел то имрӯз 744 (зан-210) нафар хизматчиёни давлатӣ магистратураи мазкурро хатм намуда, дар соҳаҳои мухталиф фаъолияти самарабахш доранд. Таҳсили хизматчиёни давлати дар магистратураи мазкур идома дорад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки соли 2019 дар доираи ҳамкориҳои Академияи идоракунии давлатӣ, Агентии хизмати давлатӣ ва Бунёди мазкур барои хизматчиёни давлатӣ боз магистратураи дусола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, дар он 51 (зан-9) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Соли равон бошад, ба магистратураи мазкур боз 64 (зан-13) нафар хизматчиёни давлатӣ аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ қабул карда шуданд.

        

                                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон