User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси Нақшаи ҷадвали ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки ҳамасола бо мақсади такмили қобилият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатӣ ташкил карда мешавад, санаи 19 июни соли ҷорӣ курси навбатии сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз рӯи барномаи «Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ» оғоз гардида, санаи 21 июни соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид.

Курси такмили ихтисоси мазкур аз рӯи барномаи таълимӣ дар ҳаҷми 24 соат, бо фарогирии 50 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баргузор гардид.

Ҷамъбасти курси сайёри такмили ихтисос ва маросими супоридани гувоҳномањои хатми курси сайёри такмили ихтисос бо иштироки Муслима Авзалшоева-сардори Шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар ВМКБ ва устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

 

 

 

                                                                       Агентии хизмати давлатии назди

                                                                            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон