ҲАМАИ ХАБАРҲО
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини арҷманд!
Бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дустию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Бо арзи ихлосу эҳтиром Шуморо ба муносибати 70-солагии баҳори умратон табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ ва дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро хоҳонем.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Гармхонаи мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» дар масоҳати 10 гектар замин бунёд намудааст. Дар як гармхонаи он бодиринг шинонида шудааст ва ҳоло ниҳолҳои он пурборанд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар бештар аз 1 гектар замини дохили гармхона 30 ҳазор бех ниҳоли бодиринг бо дарназардошти талаботи аграрӣ шинонида шудааст, ки ҳар бехи он аз 3 то 4 килограм маҳсулот дорад. Дар умум аз як гектари гармхонаи мазкур тибқи дурнамо дар як давра бояд то 100 тонна ин навъи маҳсулот ба даст оварда шавад. Дар маҷмуъ дар ҳолати истифодаи пурраи гармхонаи мазкур то ба 1000 тонна намудҳои гуногуни маҳсулоти аълосифат аз ин ҷо ба даст овардан мумкин аст, ки ин нишондод барои таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар тамоми фасли сол саҳми назаррас хоҳад гузошт. Тибқи нақша дар ин гармхона ҳамчунин парваришу истеҳсоли помидори навъи «Замира» ва қулфинай дар назар дошта шудааст.
Айни ҳол, дар ин қитъа бодиринги намуди «Орзу Ф1», ки аз Олмон ворид гардидаву ба иқлими Тоҷикистон ва ҳар навъи бемориҳо тобовар мебошад, парвариш карда мешавад. Дар нақша аст, ки дар як сол то 3 ҳосил аз гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Витаминҳои Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон ба даст оварда шавад.
Таъкид гардид, ки дар навбати аввал маҳсулоти гармхона барои қонеъсозии талаботи дохилӣ ба бозор ба фурӯш бароварда мешавад ва минбаъд бо афзоиш ёфтани истеҳсолот он низ ба кишварҳои чун Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот хоҳад шуд.
Гармхонаи инноватсионӣ дар асоси технологияи муосир, ки аз Ҷумҳурии Корея ворид гардидааст, бунёд ёфта, тамоми марҳилаҳои парвариши маҳсулот ба таври автоматӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, назорати рӯшноӣ ва ивази ҳавои дохилӣ ба таври худкор амалӣ гашта, ҳамчунин гармии дохили иншооти бахши кишоварзӣ бо истифода аз оби гарм бо усули радиаторӣ таъмин карда мешавад.
Шодобгардонии маҳсулот бо шакли қатрагӣ анҷом ёфта, ҳамчунин таъмини нуриҳои менералиро низ тариқи об компютер назорату танзим менамояд.
Бо дарназардошти талаботи зиёд ба маҳсулоти тару тоза ва тариқи табиӣ парваришёфта истеҳсолот бо усули органикӣ дар гармхонаи инноватсионӣ роҳандозӣ шудааст ва дар муддати аз 40 то 45 рӯз бодирингу помидор ва дигар намуди маҳсулот пухтаву барои ҷамъоварӣ омода мешавад.
Дар ҳар гектар қитъаи гармхонаи мазкур то 10 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гардида, дар маҷмуъ дар ин иншоот то 100 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин 100 нафари дигар барои ҷамъоварии ҳосил ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд.
Инчунин барои қабули муштариён дар назди гармхона шароити зарурӣ, ҳамсони утоқҳои кориву машваратӣ ташкил гардидааст.
Гармхонаи инноватсионӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бунёд гардидааст.
Дар назди иншооти мазкур ҳамчунин намоиши дигар молу маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон», ки дар гӯшаҳои гуногуни кишвар истеҳсол мегардад, барпо карда шуд.
Таъкид гардид, ки ширкат айни замон дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 94 гектар боғ истеҳсоли зардолу, ангур, олуча, бодом ва хучро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин соҳибкор дар масоҳати 6 гектар замини дигар дар ноҳияи Спитамен боғи суперинтенсивӣ ва гармхонаи инноватсиониро ба истифода додааст, ки он фаъолияти босамар дорад. Дар ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун бошад, аз ҷониби ҷамъият дар масоҳати 65 гектар замин боғи бодом ва писта бунёд гардида, маҳсулоти он ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаи инноватсионӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх