User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2022 Шифо Шарифзода-

мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаҳмонидани тартиби пешниҳоди ҳуҷҷат барои дарёфти стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония ва тартиби навиштани рисолаи илмии таҳқиқотӣ барои таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония вохӯрӣ доир намуд.

Стипендияҳои мазкур танҳо барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, дар асоси ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония сафарбар гардида, то ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Япония хатм намуда, 32 нафари онҳо ҳоло таҳсили худро идома дода истодаанд.

Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати ҳадафманд татбиқ ва амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

Чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотии татбиқ ва амалигардонии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) идома доранд.

 

 

                                                                                                   Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон