User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сардори шуъбаи иқтисод ва иттилоот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2011,50 сомонӣ.
  2. Мудири бахши гузаргоҳи сарҳадии “Навбунёд” Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1422,95 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии “Зафаробод-Ҳавотоғ” Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1295,80 сомонӣ.
  4. Мудири бахши гузаргоҳи сарҳадии “Ҳаштяк” Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1422,95 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши гузаргоҳи сарҳадии “Ҳаштяк” Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  6. Мутахассиси шуъбаи шаҳри “Бохтар-Леваканд-Кушониён-Вахш” Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Бохтар- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  7. Мутахассиси бахши ноҳияи “А.Ҷомӣ - Хуросон” Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Бохтар- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 871 сомонӣ.
  8. Сардори шуъбаи “Данғара - Балҷувони” Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Кулоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1735,85 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари бахши нозиротӣ Раёсати минтақавии ХДНТСН дар минтақаи Ҳисор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
  10. Сардори шуъбаи «Б.Fафуров-Бустон-Гулистон» Раёсати ХДНТСН дар вилояти Суғд- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1735,85 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

-  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-  таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2  сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё     3  сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

           

 Талаботи тахассусӣ

 Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1  сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони Сардори Хадамот (шакли муқарраргардида);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое,ки шахс собиқаи  меҳнатӣ 

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

- маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ );

- маълумотнома аз ҷои истиқомат.

- маълумотнома (справка-объективка);

- хислатнома;

- дело (скоросшиватель);

 Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар бинои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ш.Душанбе, кўчаи Ҷ.Расулов - 9/3 қабул карда мешаванд. Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз.

Телефонҳо: 235-57-24; 939138559.  Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус.

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.