ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих,
тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.
Озмун дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Масъулони баргузории озмун - вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиби ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
- даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- даври чорум - нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.
Талабот ба иштирокчиёни озмун аз инҳо иборат мебошад:
- доштани дониши муфассал доир ба асари «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров;
- қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян;
- баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти сухандониву суханронӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва нақши онҳо дар таърихи халқи тоҷик;
- донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;
- донистани мероси таърихиву фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;
- маълумот доир ба ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихие, ки баёнгари таърихи бостонии миллати тоҷик мебошанд;
- донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмиву бадеӣ оид ба таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх