00:09, 20 Майи 2019
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст «Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018» ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуњ моњи соли 2018 тањлил намуда, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњоро вазифадор карданд, ки бо маќсади таъмини сифатноки наќшаи иљрои буљети давлатї дар соли 2018, татбиќи маќсадњои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иќтисодии кишвар тадбирњои амалї андешанд.

Супоришњои дигар ба вазорату идорањои давлатї барои таъмини шаффофияти харољоти маблаѓњои буљетї, нигоњ доштани устувории ќурби пули миллї, ба кор андохтани иќтидорњои нав, барќарор намудани фаъолияти корхонањои аз фаъолият бозмонда, ба роњ мондани истењсоли мањсулоти раќобатпазир, афзоиши содироти молу мањсулот, роњандозии фаъолияти самаранок дар самти истењсол ва истифодабарии неруи барќ, дода шуд

Дар кори маљлис оид ба лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондињандањои буљети давлатї барои солњои 2020-2021 ва «Дар бораи лоињаи Барномаи ќарзгирии берунаи давлатии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2020»гузориши Вазири молияи љумњурї Файзиддин Ќањњорзода шунида шуд.

Таъкид карда шуд, ки лоињањои ќонунњои Љумњурии Тољикистон дар бораи буљети давлатї бо маќсади дар амал татбиќ кардани сиёсати иљтимоию иќтисодии Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба амалї кардани афзалиятњои муњими стратегии давлатї, аз љумла таъмини истиќлолияти энергетикї, рањоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионї, бехатарии озуќаворї, таъмини њифзи иљтимоии ањолї ва суръат бахшидан ба рушди иќтисодиёт, тањия гардидааст.

Сипас дар кори маљлис масъала «Дар бораи љашн гирифтани                  30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» мавриди баррасї ќарор дода шуд.

Лоињаи ќарори мазкур барои тањияи наќшаи чорабинињои љумњуриявї ва ворид кардани иншооти зарурї ба он баъди аз љониби вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатї манзур кардани таклифу пешнињодот, тањия карда шудааст.

Оид ба лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њунармандї» гузориши раиси Кумитаи рушди сайёњї Нуъмон Абдуѓаффорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки лоињаи ин ќарор бо маќсади эњё, њифз, рушди мероси фарњангї, анъанањои таърихии санъати њунармандї, ќонеъ гардонидани талабот ба маснуот ва мањсулоти њунармандон, фароњам овардани шароит барои рушди њунармандї, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон ва истењсолкунандагони мањсулоти њунармандї тањия ва пешнињод гардидааст.

Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дастур доданд, ки дар доираи Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї корњои тарѓиботию ташвиќотиро барои рушди њунарњои мардумїљоннок карда, дар шањру ноњияњо марказњои омўзиши касбу њунарњои мардумиро таъсис дињанд. Дастурњои дигар барои эњё ва гиромидошти анъанањои миллї, рушди соњибкории хурду миёна ва тарѓиби тарзи њаёти солим, дода шуд.

Дар кори маљлис баъди муњокима хулосаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ба лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон» барои баррасї ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ирсол карда шуд.

Аъзои Њукумати Љумњурии Тољикистон лоињањои як ќатор ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, аз љумла «Оид ба лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон» ва «Дар бораи лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мудофиаи гражданї»-ро мавриди баррасї ќарор доданд.

Дар кори маљлис њамчунин лоињањои ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи намояндагони тиљоратии Љумњурии Тољикистон дар давлатњои хориљї», «Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиќи технологияњои иттилоотию коммуникатсионї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018–2020» ва «Дар бораи Барномаи бехатарии мањсулоти озуќавории Љумњурии Тољикистон барои солњои 2019 – 2023» муњокима карда шуд.

Дар анљоми кори маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон барои иљрои сариваќтии масъалањои дар маљлис баррасишуда ва барои дар сатњи баланди ташкилї гузаронидани маъракаи зимистон, захираи кофии маводи сухт ва озуќа, омодагии иншооти соњаи иљтимої дар фасли сармо, љамъоварии беталафи њосили мањсулоти кишоварзї супоришњои мушаххас доданд.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 31        

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2019 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон