23:31, 24 Июни 2019
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Пешгирии хариду фурӯши одамон-вазифаи ҳар як хизматчии давлатӣ

Санаи 31 октябри соли равон мувофиқи Нақшаи машғулиятҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ барои кормандони Агентӣ ва муҳассилини магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ бо иштироки омӯзгорони Академияи милитсияи Вазорати корњои дохилї баргузор гардид.
      Дар машғулияти идоравӣ масъалаҳо вобаста ба иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ,  роҳу усулҳои пешгирии савдои одамон, њамчунин моњият ва њадафњои таъмини иљрои талаботи ќонунгузории мубориза ба муќобили хариду фурўши одамон дар Љумњурии Тољикистон аз љониби Нуриддинзода С.Н.- муаллими калони кафедраи њуќуќи маъмурї ва фаъолияти маъмурї ва Бухориев Б.Р.-дотсенти кафедраи такмили ихтисоси Академияи милитсияи Вазорати корњои дохилї шарњу тавзењ дода шуд.
   Зимни маърузањо ќайд гардид ки, иштироки инфиродии шањрвандон дар таъмини тартиботи љамъиятї дар асоси ихтиёрї бо роњи мусоидат кардан ба маќомоти корњои дохилї дар таъмини тартиботи љамъиятї, пешгирии њуќуќвайронкунї ва ташвиќоти донишњои њуќуќї амалї карда мешавад.
      Хариду фурўши одамон дар миќёси љањонї њамчун љинояти вазнин ва поймолкунандаи њуќуќу озодињои инсон њисобида шуда, ба амнияти миллии давлатњо таъсир мерасонад. Дар раванди њифзи тартиботи љамъиятї ва мубориза ба муќобили хариду фурўши одамон ва натанњо маќомоти њифзи њуќуќ, балки њар як узви љомеа бояд њиссагузор бошад. Дар сурати њамкории самарабахши хизматчиёни давлатї, љомеаи шањрвандї ва маќомоти њифзи њуќуќ метавон дар самти њифзи тартиботи љамъиятї ва бартараф намудани оќибатњои ногувори хариду фурўши одамон ба натиљањои назаррас ноил гардид.
       Дар интињои машѓулияти идоравї иштирокчиён ба саволњои худ вобаста ба мавзўњои зикргардида љавобњои мушаххас гирифтанд.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30        

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2019 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон