ҲАМАИ ХАБАРҲО
6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Соати чори субҳи имрӯз-22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.
Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
Баъди ҷамъбасти чорабинӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф оварданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ гузориш дод.
Баъди иҷрои Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар марҳалаи ҳозира, ҳамчунин, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Вазъи кишвари ҳамсояи мо-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст.
Сарвари давлат дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа таъкид намуданд, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем.
Ба Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар супориш дода шуд, ки барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳо ба ин самт мебошад.
Сарвари давлат бо итминон таъкид намуданд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони далеру шуҷои мо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо сарбаландӣ мебароянд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 10 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳқарордошта оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад.
Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣҷиҳати бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Артиши миллии кишвар дар муддати хеле кӯтоҳ ба як нерӯи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.
Баъди суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияи худгард ва дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, аз паради ҳарбӣ гузаштанд.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх