01:04, 06 Июни 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

ЌОНУНИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

 

Қонуни мазкур асосњои њуќуќию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату љомеа, таъмини амнияти миллї, фаъолияти муътадили мақомоти давлатї ва беғаразї дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМЇ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-коррупсия-кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз љониби шахси барои иљрои вазифањои давлатї ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз маќоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ѓайриқонунї ба даст овардани неъматњои моддию ѓайримоддӣ, бартарї ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматњои моддию ғайримоддӣ, бартарї ё имтиёзҳои дигар ба субъектњои њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд бо маќсади моил кардан ё мукофотонидани онњо барои содир намудани чунин њаракатњо ба манфиати шахси воқеї ё ҳуқуқӣ;

-муқовимат ба коррупсия-фаъолияти субъектњои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирї, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд, бартараф намудани сабабу шароитњои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионї;

-ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд-њуќуќвайронкунињои бо Ќонуни мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуљуд оварда, аз љониби субъектњои њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд содир шуда, боиси љавобгарии бо ќонунгузорї муќарраршудаи интизомї, маъмурї, гражданї ва љиноятї мегарданд;

-субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд-шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатї ваколатдор, яъне шахсе, ки ба таври доимї, муваќќатї ё бо ваколати махсус мансабњои давлатии њокимияти давлатї ё мансабњои давлатии хизмати давлатиро мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ишѓол менамояд, шахси мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ба он баробаркардашуда (шахсе, ки бо тартиби муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба сифати номзад ба ишѓоли мансабњои давлатии интихобї ё узви маќомоти интихоботии давлатї ба ќайд гирифта шудааст, шахсони мансабдори субъектњои хољагидори давлатї, субъектњои хољагидоре, ки дар онњо њиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медињад, шахсони мансабдори ташкилотњои ѓайритиљоратї, шахсони мансабдори давлатњои хориљї, созмонњои байналмилалї ва намояндагињои онњо, ки бо маќомоти давлатї, шахси мансабдор, шахсони воќеї ва њуќуќии Љумњурии Тољикистон муносибат доранд), шахсе, ки хизматрасонињои давлатиро амалї менамояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-вазифаҳои давлатӣ-вазифаҳое, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муќаррар гардида, ба ваколатњои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишѓол менамоянд, дохил мешаванд;

-истифода аз маќоми хизматї ё имкониятњои он-истифодаи якдафъаина, такрорӣ ё мунтазам аз вазифаҳои давлатӣ ва имкониятҳои он, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувор бо як ё як чанд шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда, бо шахс ё гурӯҳи алоҳида бо мақсадҳои дар сархати якуми ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои шахс, давлат ва ҷомеа тањдид мекунад ё зарар мерасонад;

-хешовандон-зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагї карда, хоҷагии умумї мебаранд;

-манфиати давлатї-ҳама гуна манфиате, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва ҳифз карда мешавад;

-манфиати шахсӣ-ҳама гуна манфиате, ки ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти моддию ѓайримоддии шахс равона карда мешавад;

-бархўрди манфиатҳо-ҳолати манфиатдории шахсии субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд, ки ҳангоми иҷрои вазифа метавонад боиси ба амал омадани њуќуќвайронкунињои коррупсионї гардад ва ба манфиатњои шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеа ва давлат зарар расонад;

-пешгирии коррупсия-фаъолияти субъектњои муќовимат ба коррупсия дар самти огоњ, пешгирї, ошкор, баќайдгирї, кушодан, тањќиќу тафтиши кирдорњои коррупсионї ва бартараф намудани сабабу шароитњое, ки ба содиршавии њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд мусоидат мекунанд;

-хавфњои коррупсионї-эњтимолияти љой доштан ва ба вуљуд омадани сабаб ва шароитњое, ки метавонанд ба њар шакл ба содиршавии њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд мусоидат намоянд.

Моддаи 2. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи муќовимат ба коррупсия

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи муќовимат ба коррупсия ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни мазкур, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур нисбат ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд пањн мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 4. Принсипњои асосии муќовимат ба коррупсия

Муќовимат ба коррупсия дар асоси принсипњои зерин амалї мегардад:

1) ќонуният;

2) адолат;

3) афзалияти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд;

4) баробарии њама дар назди ќонун;

5) шаффофият ва ошкорбаёнї;

6) ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд;

7) пешгирї ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд;

8) таъмини амнияти шахсї ва кафолати њуќуќии шахсе, ки дар муќовимат ба коррупсия мусоидат менамояд;

9) њамкории маќомоти давлатї бо нињодњои љомеаи шањрвандї.

БОБИ 2. ВАКОЛАТЊОИ СУБЪЕКТЊОИ МУЌОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Моддаи 5. Салоњияти Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия

Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия дорои салоњияти зерин мебошад:

-самтњои асосии сиёсати давлатиро оид ба муќовимат ба коррупсия муайян менамояд;

-стратегияи давлатии муќовимат ба коррупсияро тасдиќ менамояд;

-Шўрои миллии муќовимат ба коррупсияи Љумњурии Тољикистонро таъсис медињад, њайат ва низомномаи онро тасдиќ менамояд;

-ваколатњои дигареро, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї кардаанд, амалї менамояд.

Моддаи 6. Салоњияти Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия

Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия дорои салоњияти зерин мебошад:

-сиёсати давлатиро дар самти муќовимат ба коррупсия, таъминоти ташкилї, рушд ва тањкими моддию техникии субъектњои бевосита ба коррупсия муќовиматкунандаро татбиќ менамояд;

-ваколатњои дигареро, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї кардаанд, амалї менамояд.

Моддаи 7. Субъектњои муќовимат ба коррупсия

Субъектњои муќовимат ба коррупсия аз субъектњои бевосита ба коррупсия муќовиматкунанда ва субъектњое, ки дар муќовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, иборат мебошанд.

Моддаи 8. Субъектњои бевосита ба коррупсия муќовиматкунанда

1. Субъектњои бевосита ба коррупсия муќовиматкунанда инњо мебошанд:

1) Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

2) Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон;

3) Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон;

4) Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон;

5) Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон;

6) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон;

7) Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон;

8) Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

9) судњои Љумњурии Тољикистон.

2. Барои иҷрои вазифаҳои муқовимат ба коррупсия роҳбарони субъектњои муқовимат ба коррупсия масъул мебошанд.

Моддаи 9. Ваколатњои субъектњои бевосита ба коррупсия муќовиматкунанда

1. Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия дорои ваколатњои зерин мебошад:

1) сиёсати давлатиро дар самти муќовимат ба коррупсия татбиќ менамояд;

2) муќовимат ба коррупсияро дар тамоми маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, иттињодияњои љамъиятї, корхонањо, муассисањо ва ташкилотњои дигар, новобаста ба шакли ташкилию њуќуќиашон, амалї менамояд;

3) санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро дар самти муќовимат ба коррупсия тањия ва мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод менамояд;

4) фаъолияти субъектњои муќовимат ба коррупсияро дар самти муќовимат ба коррупсия њамоњанг месозад;

5) корњои тањлилї ва мониторинги вазъи муќовимат ба коррупсияро анљом медињад, натиљаи онро барои баррасї ва андешидани чорањо ба маќомоти дахлдори давлативу љамъиятї ирсол менамояд;

6) хавфњои коррупсиониро дар тамоми маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, иттињодияњои љамъиятї, корхонањо, муассисањо ва ташкилотњои дигар, новобаста ба шакли ташкилию њуќуќиашон, тањлил менамояд ва чорањои зарурї меандешад;

7) самаранокии чорањои муќовимат ба коррупсияро тањлил намуда, барои такмил додани онњо таклифњо пешнињод менамояд;

8) љиноятњои ба коррупсия алоќамандро ошкор ва тафтиш намуда, љињати огоњ, пешгирї, ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитњои бавуљудоварандаи коррупсия ва оќибатњои њуќуќвайронкунињои коррупсионї чорањои самаранок меандешад;

9) фаъолияти маќомоти давлатиро оид ба гузаронидани арзёбии зиддикоррупсионии санадњои меъёрии њуќуќї ва лоињањои санадњои меъёрии њуќуќї тањлил ва њамоњанг менамояд;

10) ваколатњои дигари пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд.

2. Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия дорои ваколатњои зерин мебошад:

1) назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњоро татбиќ менамояд ва дар мавриди ошкор намудани њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон чорањо меандешад;

2) њамкории њуќуќии байналмилалиро барои расонидани ёрии њуќуќї, истирдоди шахсони љиноятњои коррупсионї содирнамударо, ки дар њудуди давлати хориљї ќарор доранд, мутобиќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон амалї мегардонад;

3) фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќро дар самти тањќиќ ва тафтиши љиноятњои ба коррупсия алоќаманд њамоњанг месозад;

4) њангоми дар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ошкор намудани омилњои бавуљудоварандаи коррупсия љињати бартараф намудани онњо ба субъектњои њуќуќэљодкунанда ё ба маќомоти назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия пешнињод манзур менамояд;

5) тањлил ва арзёбии маълумоти оморї оид ба вазъи муќовимат ба коррупсияро анљом медињад;

6) ваколатњои дигари пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд.

3. Ваколатњои Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия бо роњи андешидани чорањои пешгирї ва ошкор кардани њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд амалї карда мешаванд.

4. Ваколатњои Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон бо роњи гузаронидани чорабинињои зиддикоррупсионї дар соњаи идоракунии њарбї ва Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон амалї карда мешаванд.

5. Ваколатњои Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия тавассути андешидани чорабинињои пешгирикунанда ва ошкорсозандаи њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд, ки ба амнияти миллї тањдид менамоянд, амалї карда мешаванд.

6. Ваколатњои Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти муќовимат ба коррупсия тавассути андешидани чорањои зарурї љињати пешгирї ва ошкор намудани њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд њангоми интиќоли молу мањсулот аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон амалї карда мешаванд.

7. Ваколатњои маќомоти судї дар самти муќовимат ба коррупсия бо тартиби пешбининамудаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон», Ќонуни мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї карда мешаванд.

Моддаи 10. Субъектњое, ки дар муќовимат ба коррупсия иштирок менамоянд

Субъектњое, ки дар муќовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, инњо мебошанд:

1) Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон;

2) Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон;

3) Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон;

4) Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон;

5) Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон;

6) Палатаи њисоби Љумњурии Тољикистон;

7) Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон;

8) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон;

9) Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

10) Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

11) Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

12) Хадамоти алоќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

13) Хадамоти иљрои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон;

14) Агентии назорат дар соњаи маориф ва илми назди Президенти Љумњурии Тољикистон;

15) Бонки миллии Тољикистон;

16) маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї;

17) маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот;

18) маќомоти дигари давлатї;

19) субъектњои хољагидор;

20) ташкилотњои ѓайритиљоратї;

21) намояндагињои созмонњои байналмилалие, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунанд;

22) шахсони воќеї ва њуќуќї.

Моддаи 11. Ваколатњои субъектњое, ки дар муќовимат ба коррупсия иштирок менамоянд

Субъектњое, ки дар муќовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, дар доираи ваколати худ мунтазам тарѓибу ташвиќи зиддикоррупсиониро мегузаронанд, иљрои талаботи стратегия ва барномањои давлатии зиддикоррупсиониро таъмин менамоянд, бо маќсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитњо ва хавфњои коррупсионї тањлили фаъолиятро анљом медињанд.

Моддаи 12. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ буда, бо маќсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатї ва ҷомеаи шаҳрвандї љињати амалигардонии чораҳои муқовимат ба коррупсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва ба ў њисоботдињанда мебошад.

Моддаи 13. Комиссияи љамъиятї оид ба пешгирии коррупсия

1.Љињати пешгирии коррупсия дар мањалњо дар назди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї комиссияи љамъиятї оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода мешавад.

2.Низомномаи намунавии комиссияи љамъиятї оид ба пешгирии коррупсия дар назди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї аз тарафи Шўрои миллии муќовимат ба коррупсияи Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.

БОБИ 3. ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Моддаи 14. Пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он

Пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионї;

2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионї;

3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;

4) мониторинги зиддикоррупсионї;

5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии њуќуќї;

6) чораҳои назорати давлатии молиявї;

7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;

8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатї ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;

9) љорї намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифањои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.

Моддаи 15. Тарѓибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ

1. Тарѓибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ чораҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия буда, тавассути воситањои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохӯриҳо бо ањолї ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалї карда мешаванд.

2. Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионї аз тарафи субъектњои муқовимат ба коррупсия мутобиќи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 16. Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ

1. Таълиму тарбияи зиддикоррупсионї бо роҳи ҷорӣ намудани барномаи таълимӣ бо мақсади аз худ кардани дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоњ, пешгирї ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ амалї карда мешаванд.

2. Таълиму тарбияи зиддикоррупсионї мутобиќи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 17. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ

1. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ бо мақсади ошкор намудани сабабу шароитњое, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд, ҳамчунин таҳияи тавсияҳо ҷиҳати аз байн бурдани таъсири онҳо гузаронида мешавад.

2. Тартиби гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ аз тарафи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 18. Мониторинги зиддикоррупсионӣ

1. Мониторинги зиддикоррупсионӣ бо роњи мушоњида, санљиш, тањќиќ, омўзиш, тањлил, арзёбї ва пешбинии њуќуќвайронкунињои коррупсионї, омилњои бавуљудоварандаи коррупсия, инчунин татбиќи стратегия, барнома ва наќшањои муќовимат ба коррупсия, тадќиќоти сотсиологї, маълумот оид ба огоњонидан, пешгирї, ошкор, баќайдгирї, бартараф, санҷишу тафтиш намудан ва натиҷаи баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионї дар суд ва маќомоти дигари ваколатдори давлатї гузаронида мешавад.

2. Натиљаи мониторинги зиддикоррупсионї барои баррасї ва андешидани чорањо ба маќомоти дахлдори давлатї ва љамъиятї фиристода мешавад.

Моддаи 19. Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқї ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқї

Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқї ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии њуќуќї дар асоси муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқї ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқї» гузаронида мешавад.

Моддаи 20. Чораҳои назорати давлатии молиявӣ

1. Бо мақсади пешгирї ва ошкор намудани кирдорњои коррупсионї дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дигар, ки дар онҳо маблағҳои буҷетї ва ғайрибуҷетї истифода карда мешаванд, бо роҳи гузаронидани санҷишҳои молиявӣ чораҳои назорати давлатии молиявї амалӣ карда мешаванд.

2. Тартиби амалї намудани назорати давлатии молиявиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 21. Талабот нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор

1. Бо мақсади роҳ надодан ба суиистифода аз маќоми хизматии худ ва имкониятњои он ба манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва шахсони дигар дар Қонуни мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ, шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар карда шуда мањдудият ва уҳдадориҳои махсус муқаррар карда мешаванд.

2. Таъин (интихоб) шудан ба мансаби давлатї ба сифати шахсе, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор шудааст ва шахси ба он баробаркардашуда маънои ихтиёран ба зимма гирифтани ин уҳдадорї ва маҳдудиятҳоро дорад.

3. Мањдудият ва уњдадориҳо нисбати шаҳрвандоне, ки ба сифати номзад ба мансабҳои давлатии интихобї ба қайд гирифта шудаанд, бо қонунгузорї дар бораи интихобот муқаррар карда мешаванд.

4. Довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми таъин (интихоб) шудан, шахсони барои иљрои вазифањои давлатӣ ваколатдор ва шахсони мансабдори давлатии ба онҳо баробаркардашуда, ҳангоми дар мансаб будан уҳдадоранд ҳар сол ба љойи кор ва маќомоти андози љои зист эъломия дар бораи даромадњо ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намоянд.

5. Роњбарони маќомоти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот њангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва њангоми дар мансаб будан уҳдадоранд ҳар сол оид ба вазъи молумулкии худ ба маќомоти болоии худ ва оид ба даромад ба маќомоти андози љои зист маълумот пешниҳод намоянд.

Моддаи 22. Мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда

1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробар карда шуда таъин ё интихоб шавад:

1) доштани доѓи судї барои љиноятњои аз беэњтиётї содиркарда;

2) агар барои содир кардани љиноятњои ќасдона мањкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон барои содир намудани љинояти вазнин ва махсусан вазнин аз љавобгарии љиноятї озод шуда бошад;

3) эътибори қонунї пайдо кардани њалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ѓайри қобили амал эътироф намудани шахс;

4) надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳатмї мебошад;

5) бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисобот диҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишѓолнамудаи ӯ ба мансабҳое, ки онро хешовандони ӯ ишғол кардаанд;

6) дар сурати соњиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё аз даст додани шањрвандии Љумњурии Тољикистон, инчунин шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъин ё интихоби чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинї гардида бошанд;

7) мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

2. Мамониатњое, ки дар ќисми 1 моддаи мазкур пешбинї шудаанд, ба мансабњои ташкилоти давлатї ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онњо њиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медињад, татбиқ карда мешавад.

3. Дар сурати риоя накардани мамониати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, қарори ба мансаб таъин ё интихоб шудани шахс бо эътироз ё пешниҳоди прокурор, дастури хаттї ё пешниҳоди мақомоти назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маќомоти ваколатдори соњаи хизмати давлатї ё бо ташаббуси худи мақомоти қарорро қабул карда ё мақомоти болоӣ бо тартиби муќаррар намудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бекор карда мешавад.

Моддаи 23. Мањдудият вобаста ба иҷрои вазифањои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда

1. Ба шахси барои иҷрои вазифањои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробаркардашуда иљрои корњои зерин манъ аст:

1) ба фаъолияти мақомоти дигари давлатї, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил нест, дахолат намояд;

2) ба кори дигари музднок машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорї;

3) аз рӯи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақомоти давлатие, ки дар он хизмат мекунад, бевосита тобеъ ё таҳти назорати он мақомот қарор дорад, њамчун вакили шахси сеюми штирок намояд;

4) шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкорї машғул шавад;

5) дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, суратҳисобњо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад;

6) захирањои молиявї, моддию техникї, нақлиётӣ, захираҳои дигари давлатї ё љамъиятї ва иттилооти хизматиро ба мақсадҳои ғайри хизматї истифода намояд;

7) аз шахсони воқеӣ ва ҳуќуқӣ барои хизмате, ки ҳангоми амалигардонии ваколаташ анҷом додааст ё ба манфиати шахси дигар анҷом надодааст, подош (дар намуди пул, мол, хизматрасонї, истироҳат, хароҷоти нақлиёт ва ѓайра) гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ туҳфа диҳад ё хизмат расонад;

8) аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони воқеї ва ҳуқуқии хориҷӣ ба саёҳат ва сафарҳои дохилӣ ва хориҷӣ равад, табобат ва истироњат намояд, ба истиснои сафарҳо бо даъвати хешовандон ва мутобиќи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ё бо мувофиқаи байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷї ва созмонњои байналмилалї, ки аз ҳисоби онҳо сурат мегиранд;

9) супоришу дастурҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва субъектҳои хоҷагидорро, ки ба фаъолияти мақомоти давлатї дахлдоранд, иљро намояд ё мақоми хизматии худро ба манфиати онҳо истифода барад;

10) барои дар матбуот, радио ва телевизион интишор ва пахш гардидани мақолаю баромадҳои дар чорабиниҳои расмӣ ба сифати хизматчии давлатї баён карда, ки таҳияи онҳо ба уҳдадории хизматиаш дохил мешавад, музд гирад.

2. Шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онњо баробаркардашуда уњдадоранд дар муҳлати на дертар аз понздањ рўзи кории пас аз ба хизмати давлатї дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилоти тиҷоратӣ доштаашонро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварї асос ёфта диҳанд.

3. Шахси барои иљрои вазифањои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба он баробаркардашуда туњфањои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмї гирифтаашро ҳамчун молумулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва туњфањои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад.

4. Риоя накардани мањдудиятњои номбурда бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои ба ҷавобгарї кашидан асос мегардад.

БОБИ 4. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОЌАМАНД ВА ҶАВОБГАРЇ БАРОИ ОНҲО

Моддаи 24. Њуќуќвайронкунињое, ки барои коррупсия шароит ба вуљуд меоваранд ва љавобгарї барои онњо

1. Ба њуќуќвайронкунии барои коррупсия шароит ба вуљудоваранда кирдорњои зерини шахси барои иљрои вазифањои давлатї ваколатдор ва шахсони ба он баробаркардашуда дохил мешаванд:

1) истифода аз маќоми хизматии худ дар њалли масъалањое, ки ба манфиатњои шахсї, хешовандон ё шахсони сеюм алоќаманданд;

2) монеъ шудан ё дахолати ѓайриќонунї ба иљрои фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ва назоратї дар њудуди муайян ё нисбати объектњо ва ё шахсони мушаххас;

3) иштирок ба сифати намояндаи манфиатдори шахсони воќеї ва њуќуќї аз рўи корњои маќомоте, ки ин шахс дар он љо кор мекунад ё дар тобеияти вай ќарор дорад, ё ин ки фаъолияти онњоро назорат мекунад, аз љумла иштирок ба сифати њимоятгари љамъиятї ё намоянда (ба истиснои њолатњои намояндагии ќонунї) аз рўи парвандањои гражданї, иќтисодї, љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї;

4) иштирок дар ќиморбозињои пулї ё ќиморбозињои дигари дорои хусусияти молумулкї бо шахсони мансабдори болої ё тобеъ ва ё аз ягон љињат тобеияти хизмати дошта;

5) машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї, иштирок дар идоракунии фаъолияти љамъияти хољагидор ё ташкилоти дигари тиљоратї, аз љумла дар њайати маќомоти идоракунии ташкилоти тиљоратї, ки узвият дар онњо бе нишон додани манфиати махсуси шахсї ѓайриимкон аст, ба истиснои њолатњои пешбини намудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон;

6) узвият дар маќомоти идоракунї, шўроњои нозирон ё парасторон, маќомоти дигари ташкилотњои ѓайритиљоратии хориљї ва воњидњои сохтории дар њудуди Љумњурии Тољикистон фаъолияткунандаи онњо, агар дар ќонунгузорї ё шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад;

7) пешбарї ё таъин шудан ба мансаб ба сифати шахси барои иљрои вазифањои давлатї ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда, дар сурати мављуд будани мамониатњо барои ишѓол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 22 Ќонуни мазкур пешбинї шудаанд ва ё дидаву дониста риоя накардани мањдудияти пешбининамудаи њамин Ќонун доир ба хизмати якљояи хешовандон, дидаву дониста, ѓайриќонунї аз мансаб озод намудан ё ба мансаби дигар гузаронидани кормандон;

8) пешнињоди бартарињои бо Ќонун пешбининагардида зимни таъин ё пешбарї ба хизмати давлатї, тањсил, фаъолияти илмї ва фаъолияти дигари ба онњо монанд;

9) риоя накардани тартиби бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќарраршудаи баррасии мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї, ба эътибор нагирифтани бартарї, имтиёзњо ва навбати бо санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќарраршуда њангоми њалли онњо;

10) њангоми амалї намудани фаъолият ва њуќуќу уњдадорињои мансабї аз рўи ѓараз ва манфиати шахсї ќабул кардани ќарорњо ва санадњои дигари ѓайриќонунї, содир намудани амалњои ѓайриќонунї, аз љумла љињати ба кор ќабул намудан, аз кор озод намудани шахс ва амалњои дигаре, ки њуќуќу манфиатњои шахсони дигари воќеї ва њуќуќиро халалдор месозанд ва ба онњо зарар мерасонанд.

2. Содир намудани њуќуќвайронкунињои дар ќисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда аз љониби шахсони барои иљрои вазифањои давлатї ваколатдор ё шахсони ба онњо баробаркардашуда, агар дар кирдори онњо таркиби љиноят ё њуќуќвайронкунии маъмурї мављуд набошад, боиси љазои интизомї мегардад.

Моддаи 25. Ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд ва ҷавобгарї барои онҳо

1. Кирдорҳои зерини шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба он баробаркардашуда ҳуқуќвайронкунии ба коррупсия алоќаманд ҳисобида мешаванд:

1) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқї ғайриқонунї талаб намудани иҷрои шартҳои иловагї, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва талаботи дигари бо санадҳои ҳуқуқӣ пешбининагардида, ба вуҷуд овардани монеаҳои дигари сунъї ва ғайриқонунї зимни таъин (интихоб) ва (ё) пешбарӣ шудан ба мансабҳои давлатии хизмати давлатї, ҷобаҷогузорї, ҷойивазкунї, тањсил, фаъолияти илмї ва њангоми амалї намудани ҳуқуќу уњдадориҳо ва вазифаҳои дигари давлатї;

2) додани ваколатҳо оид ба танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорї ба шахсони воқеї ва ҳуқуқие, ки ба чунин фаъолият машғуланд;

3) ќабули подош дар шакли пул, хизматрасонӣ ва шаклҳои дигари барои фаъолияти худ аз мақомоти давлатї, ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои дахлдорро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайри тиљоратӣ ва шахсони воқеӣ, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад;

4) қабул кардани туњфа ва хизматрасониҳои дигари вобаста ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё вазифаҳои ба онҳо баробаркардашуда аз шахсони аз рӯи вазифа тобеъ, ба истиснои армуғон ва туњфањои дигари рамзӣҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколї ва расмии дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест, инчунин додани чунин туњфаву хизматрасониҳо ба шахси мансабдори болої;

5) истифодаи бартарињои бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбининагардида дар гирифтан у баргардонидани кредит ва қарзњо, харидани ќоѓазҳои қиматнок, молу мулк, пардохти андозҳои давлатї ва иҷрои уњдадориҳои дигар;

6) додани бартарї ё имтиёзҳои ғайриқонунї ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқї њангоми таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгир кунии фармоишоти давлатї ва фармоишњои дигаре, ки аз буҷети давлатї маблағгузорї мешаванд ва ё аз њисоби ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли моликияташон, тақсимоти воситаҳои пулї ва молї, захираҳои энергетикӣ ва табиї, пардохти андозҳо, баргардонидани қарзҳо ва иҷрои уҳдадориҳои дигари пулї ва молӣ;

7) бе қарори мақомоти ваколатдори давлатї ба ҳуқуқи моликият ё ба истифодаи ташкилотҳои давлативу ғайри давлатї, иттиҳодияҳои ҷамъиятї ё шахсони воқеї ройгон додани захираҳои пулї вамолии давлатї;

8) бо мақсадҳои шахсӣ, гурӯҳї ва мақсадҳои дигари ғайри хизматӣ истифода намудани бино, воситаи нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронии алоќа ва захираҳои пулї ва молии давлатӣ;

9) ба фондњои интихоботии номзадҳо ба вакилї ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронидани захирањои пулї ва молии давлатї;

10) бе асос иҷро накардани дархост, пешниҳод, амр, дастур, қарор ва санадҳои дигари дар доираи ваколаташон қабулнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маќомоти назоратӣ ва суд;

11) ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатї ба даст омадааст ва паҳнкунии чунин маълумот манъаст;

12) дахолати ғайриқонунї ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, халалдор кардани мустақилият ва вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ғайриқонунӣ барҳамдињї ё аз навташкилдиҳии онҳо, дахолат ба таъин ё интихоб намудан ба мансаб ва ё аз мансаб озод намудани роҳбарон ва кормандони субъектҳои хоҷагидор, маҳдуд намудани рақобат дар бозори мол, иҷрои кор ва хизматрасонї;

13) ѓайри қонунї аз ҳисоб баровардан, риоя накардани тартиби бањодињї, ба фурӯш баровардани молу мулк, баргузор намудани музояда ва тендерҳо оид ба хусусигардонии молу мулки давлатї ва хариди давлатии мол, иҷрои кор ва хизматрасонї, ки ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонидааст, инчунин аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ худсарона ба иҷора додан ё фурӯхтани молу мулки давлатӣ, бе асос вайрон намудани молу мулки ѓайри манќули давлатӣ;

14) ғайри қонунї ё бошартҳои ошкороно мувофиқ ба манфиатҳои давлат ва ташкилотњо барои истифода ё иҷора додани воситаҳои асосї, замин ва ё сарватҳои дигари моддию табиӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқї, ғайри қонунӣ рад намудан њангоми додан ё кашида гирифтани онҳо;

15) пинҳон намудан аз баҳисобгирӣ, барасмият надаровардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоршуда, ғайри қонунї озод намудан аз ҷавобгарии маъмурӣ ё доир ба ин ҳуқуқвайронкуниҳо қабул намудани қарорҳои ошкоро ба кирдори содиршуда номувофиқ, инчунин чораҷӯӣ накардан вобаста ба љуброни зарари расонида шуда;

16) тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санад, ањд, шартнома, эъломия ва ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибавї љињати хариду фурӯш, туњфа кардан, иваз намудан, гарав, иҷора, хусусигардонӣ, аз ҳисоб баровардан ва ањдҳои дигар оид ба ихтиёрдорӣ, истифода ва интиќоли молу мулк, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо нарх, миќдор, ҳаҷм, соли истеҳсол ва нишондиҳандаҳои дигари молу мулк, иҷрои кор ва хизматрасонї таҳриф карда шуда, ба ин восита ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеї ва ҳуқуқї зараррасонида шудааст;

17) ба шахсони воқеї ва ҳуқуқї дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳо ва уҳдадориҳои қонуниашон ба вуҷуд овардани монеаҳои сунъї, аз онҳо талаб кардани ҳуҷҷат ва маълумоте, ки санадњои меъёрии њуќуќї пешниҳоди онро аз ҷониби ин шахсон пешбинї намекунад ё рад намудани ба онҳо додани чунин санаду маълумот, ки бо санадњои меъёрии њуќуќї пешбинї гардидааст, ба таъхир андохтани пешниҳоди маълумот, додани маълумоти нопурра ё нодуруст, ғайриқонунӣ ба гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои ба онҳо мансуб буда;

18) ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумоти мављуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоќаманд ё ҷиноятҳои хусусияти коррупсиони дошта, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

19) ба мақомоти барои баррасї ва ќабули қарор ваколатдор пешниҳод накардан ё саривақт пешниҳод накардани санад ва маводи тафтишу санҷиш, ки дар онҳо оид ба ҳуќуқвайронкуниҳо маълумот мавҷуд аст, сарфи назар аз натиҷаи онњо;

20) иљро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи онњо;

21) њуќуќвайронкунињои дигаре, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд эътироф карда шудаанд.

2. Љавобгарї барои содир кардани њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд аз рўи хусусият ва дараљаи ба љомеа хавфнокиашон бо ќонунгузории мењнат, гражданї, маъмурї ва љиноятї муайян карда мешавад.

Моддаи 26. Љавобгарї барои њуќуќвайронкунињои алоњидаи ба коррупсия алоќаманд

1. Барои ба шахсони мансабдори давлатии барои иҷрои вазифаҳои давлатї ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда пешнињод намудани неъматњои моддиву ѓайримоддї, хизматрасонї ва фоида гирифтан љињати моил кардани онњо ба кирдори (њаракат ё бењаракатии) муайян ба манфиати пешнињодкунандаи ин неъмату хизматрасонињо ё шахсони дигар мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгарї муайян карда мешавад.

2. Агар нисбати шахсоне, ки неъматҳои моддиву ғайримоддї, хизматрасонї ва фоидаро ба шахсони мансабдори давлатии барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда мутобиќи ќисми 1 моддаи мазкур додаанд, тамаъљўї љой дошта бошад ва дар ин бора ихтиёран ба субъектњои бевосита ба коррупсия муќовиматкунанда хабар дода бошанд, онњо аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

3. Барои саркашии бадќасдонаи шахси барои пешбурди бањисобгирии муњосибавї ваколатдор ё роњбари ташкилот аз амалиёти молиявию хољагидорї, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї кардаанд, ба расмият даровардан ё ба њуљљатњои њисоботи молиявї, муњосиботї ва оморї даровардани маълумоти тањрифшуда оид ба фаъолият ё амалиёти молиявию хољагидорї, инчунин нобуд кардани њуљљатњои молиявї ва њуљљатњои дигари бањисобгирї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгарї муайян карда мешавад.

Моддаи 27. Кафолати дахлнопазирии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд

1. Шахсе, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ хабар додааст ё бо тарзи дигар дар муқовимат ба коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.

2. Иттилоот дар бораи шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлатї буда, дар ҳолати зарурӣ мутобиќи қонунгузории Љумњурии Тољикистон пешниҳод карда мешавад. Ошкор намудани ин сир боиси ҷавобгарии бо қонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинишуда мегардад.

3. Ҳимояи давлатии шахсе, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ хабар додааст ё бо тарзи дигар дар муқовимат ба коррупсия мусоидат намудааст, мутобиќи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятї» таъмин карда мешавад.

Моддаи 28. Ошкор ва бартараф намудани сабаб ва шароитњои барои содир кардани њуқуқвайронкунињои коррупсионї мусоидаткунанда

Субъектњои бевосита ба коррупсия муќовиматкунанда мутобиќи қонунгузории Љумњурии Тољикистон уњдадоранд њангоми баррасии парвандањо оид ба њуќуќвайронкунињои коррупсионї сабаб ва шароитњои барои содир кардани њуќуќвайронкунињои коррупсионї мусоидаткунандаро ошкор карда, љињати бартараф намудани онњо чорањои дахлдор андешанд.

Моддаи 29. Қабули қарори дастаљамъонаи хусусияти коррупсионидошта ва љавобгарї барои он

Барои қабули қарори хусусияти коррупсионидошта, ки дастаљамъона қабул карда шудааст, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгарї муайян карда мешавад.

Моддаи 30. Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд

Ҳуќуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд бо тартиби муқаррар намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.

БОБИ 5. БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТҲОИ

ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОЌАМАНД

Моддаи 31. Ситонидани молу мулки ѓайриқонунӣ гирифташуда ё арзиши хизматрасонии ѓайриқонунӣ

Молу мулк ва арзиши хизматрасонињои дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоќаманд бадастовардашуда мутобиќи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд ва ё ба фоидаи давлат ё шахсе, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд зарар дидааст, ситонида мешаванд.

Моддаи 32. Беэътибор донистани санадҳои ба коррупсия алоќаманд

Санадҳои дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоќаманд қабулгардида мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бо ташаббуси худи маќомот ё бо њуљљатњои мавриди эътиноии прокурорӣ, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, маќомоти дигари ваколатдори давлатї аз љониби мақомоти барои қабули он ваколатдор ё мақомоти болоӣ ва ё аз тарафи суд беэътибор дониста мешаванд.

БОБИ 6. ЊАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДАР САМТИ МУЌОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия

Њамкории байналмилалї дар самти муќовимат ба коррупсия дар асоси принсипњои њамкорї мутобиќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон бо маќсадњои зерин амалї карда мешавад:

-муайян кардани шахсоне, ки дар содир намудани љиноятњои коррупсионї гумонбар (айбдоршаванда) дониста шудаанд, љойи будубоши онњо, њамчунин љойи будубоши шахсони дигаре, ки бо чунин љиноятњо алоќаманданд;

-пешнињод намудани ашё ё намунаи онњо барои гузаронидани тадќиќот ё экспертизаи судї дар њолатњои зарурї;

-мубодилаи маълумот доир ба масъалањои муќовимат ба коррупсия;

-муайян намудани молу мулки дар натиљаи љиноятњои коррупсионї бадастовардашуда ва баргардонидани онњо;

-њамоњангсозии фаъолият оид ба муќовимат ба коррупсия ва бартарафнамудани оќибатњои њуќуќвайронкунињои ба коррупсия алоќаманд.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ

Моддаи 34. Љавобгарї барои риоя накардани талаботи Ќонуни мазкур

Шахсони воќеї ва њуќуќї барои риоя накардани талаботи Ќонуни мазкур мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зиддикоррупсия»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148; с. 2017, №1-2, мод. 8,мод. 9, №5, қ. 1, мод. 297; с. 2019, №1, мод. 11, №4-5, мод. 216) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалї Рањмон

ш.Душанбе
7 августи соли 2020, №1714



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30        

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон