Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз22 июни соли 2020, №26/10-218 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 санаи 30 июли соли 2020, соати 1400 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-40, ошёнаи 2 баргузор мегардад.
Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Баќайдгирии намояндагони воситањои ахбори омма 30 июли соли равон аз соати 1300 оѓоз мешавад.
Хоњишмандон метавонанд ќаблан тариќи телефонњои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. аз ќайд гузаранд.
Њамчунин намояндагони воситањои ахбори омма метавонанд, ки љињати дарёфти љавобњои мушаххас саволњои худро тавассути телефонњо ва почтаи электронии зикргардида ба Агентии хизмати давлатї то санаи баргузории нишасти матбуотї пешнињод намоянд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Љумњурии Тољикистон

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)
Назарсанҷӣ
Обу ҳаво
Ҳисобкунак








