User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд курси сайёри такмили ихтисосро барои мутахассисони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди он аз рӯйи барномаи «Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 то 29 октябри соли 2021 баргузор намуда, 25 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба курси мазкур ҷалб карда шуданд.

Мувофиқи барномаи таълимӣ барои шунавандагон машғулиятҳо дар мавзӯъҳои «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мактаби сарварии занони муваффақ», «Кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ», «Масъалаҳои гендерӣ дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ғайра ташкил карда шуданд.

Дар ҷамъбасти курси мазкур бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ - Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ - Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо»  мизи мудаввар доир гардида, ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ китоби рӯйимизии хизматчиёни давлатӣ «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» тақдим карда шуд.