User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон бо мақсади татбиқи самарабахши қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» силсилаи курсҳои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд-хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ мешавад.

Аз ҷумла, курси омӯзишии мазкур барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди он дар се давр- аз 13 то 23 сентябр, аз 24 ноябр то 2 декабри соли 2020 ва аз 10 то 18 марти соли 2021 дар шаҳри Хоруғ ташкил карда шуд.

Санаи 20 майи соли равон дар Академияи идоракунии давлатӣ маросими хатми курси мазкур баргузор гардида, баъд аз бомуваффақият супоридани имтиҳони хатми курси омӯзишӣ ба 25 нафар бонувон дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки намояндагони Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳо шаҳодатномаҳои хатми курс супорида шуд.

                    

                      Агентии хизмати давлатии назди

                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон