ҲАМАИ ХАБАРҲО
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёну магистрантони онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2021 Агентии хизмати давлатӣ аз 25 то 30 январи соли 2021 65 нафар занони роҳбар ва дар захираи кадрҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бударо ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ ва сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷалб намуд.
Маросими ифтитоҳи курси мазкур бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода А.Д., муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Н., директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ғанизода И.Ғ. баргузор гардид.
Зимни суханронии директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. аз ҷумла таъкид карда шуд, ки Агентии хизмати давлатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати гендерӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ барои тарбияи кадрҳои болаёқат аз ҳисоби бонувон тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Мувофиқи таҳлилҳои омории соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 аз 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,3 фоизро занон ташкил дода, аз 5718 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1098 нафар ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд.
Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 78 нафар зиёд шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 51 нафар афзудааст.
Дар курси мазкур бо мақсади таҳким бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ омӯзиши мавзӯъҳои «Гендер дар хизмати давлатӣ», «Кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ», «Зӯроварӣ дар оила ҳамчун шакли табъизи гендерӣ ва усулҳои муқовимат ба он», «Мактаби сарварии занони муваффақ», «Тадбирҳои сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Масъалаҳои гендерӣ дар низоми идоракунӣ» ва ғайраҳо роҳандозӣ гардид.
Дар интиҳои курс 29 январи соли равон дар мавзӯи «Менеҷменти нави давлатӣ ва сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О., муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Абдулмаинзода З.Қ., ноиби ректори Академияи идоракунии давлатӣ Аҳмадзода З. ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ғанизода И.Ғ. баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои тақвият додани иштироки бонувон дар хизмати давлатӣ баррасӣ шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх