03:54, 14 Декабри 2019
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Основная

МАКТУБИ ИТТИЛООТЇ

Бо арзи эњтиром иттилоъ медињем, ки бахшида ба 25 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва 15 - солагии таъсисёбии Агентии хизмати давлатї 15 апрели соли 2016  Конференсияи љумњуриявии илмию амалї дар мавзўи «Истиќлолияти давлатї ва рушди хизмати давлатї дар Љумњурии Тољикистон» дар шањри Душанбе баргузор мегардад.
     Њадаф аз ташкили Конференсияи мазкур фароњам овардани замина барои тањќиќи масъалањои идоракунии давлатї ва хизмати давлатї, рушди хизмати давлатии муосири Тољикистон ва таъмини идоракунии самаранок, тањлили вазъи имрўзаи хизмати давлатии кишвар, аз љумла масоили татбиќи технологияњои кадрї дар маќомоти давлатї, њифзи иљтимоии хизматчиёни давлатї, пешгирии коррупсия дар хизмати давлатї, инчунин табодули таљриба дар самти омўзишу пажўњиши соњаи хизмати давлатї ва муайян намудани самтњои асосии рушди минбаъдаи он мебошад.
   Дар кори конференсия иштироки олимону коршиносон, намоянда-гони маќомоти давлатї, ѓайридавлатї  ва воситањои ахбори омма дар назар дошта шудааст.
       Дар робита ба ин эњтиромона хоњиш дорем, ки рўйхати маърўзакунандагонро бо матни маърўза то 16 марти соли равон ба  Агентии хизмати давлатї пешнињод намоед.

      Маърўзањои илмї бо суроѓаи 734003, шањри Душанбе, кўчаи Саид  Носир - 33, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, инчунин тавассути почтаи электронї дар МSWord 97 - 2003 бо нишонии 10-@ahd.tj, sh.shahri@mail.tj,ahad_63@mail.ruва бо факси 224 - 50 - 60, 224 - 02 – 74 ќабул карда мешаванд.

       Талабот ба матни маърўза: Њаљм то 5 сањифаи А- 4, фосилаи байни сатрњо - 1,5. Њошия: аз се тараф - 20 мм, аз чап - 25 мм. Њуруф: TimesNewRomanTj14. Насаб, ном ва номи падари муаллиф, мансаб (вазифа), дараљаи илмї ва унвони илмї, номи пурраи маќомот/ташкилот нишон дода шуда, баъди ду фосила номи мавзўъ бо њарфњои калон  навишта шавад. Пас аз ду фосилаи дигар матни маърўза дарљ гардад.

     Забони кори конференсия  тољикї мебошад.

           Шахсони мутасаддї: Саидмуродов А.А., тел.: 224-50-60, 900-90 -11-10, Латипов Ф.А., тел.: 939 - 26 - 90 - 54, Ализода Бањриддин тел.:  228 - 91 - 51,  918 - 18 - 97 - 26.           

Телефонњои иловагї барои тамос: (8+372) 224 - 40 - 67,  224 - 53 - 22.

 

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Феврал 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29            

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2019 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон