User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Cанаи 4 ноябри соли 2016 машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар хизмати давлатӣ» барои хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Машғулиятро муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ – Қосимзода Г.Ҷ. ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуд. Зимни суханронӣ зикр карда шуд, ки воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ аст.

Мувофиқи муқаррароти Конститутсия ҳаёти ҷомеа дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфта, барои  ҳамаи аҳли ҷомеа баробар хидмат мекунад. Яъне Конститутсия кафолат медиҳад, ки  ҳар шахс метавонад дар ҳайати ҷомеа ва идоракунии давлат фаъолона ширкат варзад.

Барои Тоҷикистон хизмати давлатӣ институти нави иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат меъёрро дар хусуси принсипҳои асосии ташкили хизмати давлатӣ  муқаррар намудааст, ки ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ имконияти баробарро ба хизмати давлатӣ медиҳад. Ин меъёр ҳуқуқи шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ва имкониятҳои баробар ба хизмати давлатӣ буда,  дар моддаи 27 он ифода меёбад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити умумии баробар ба хизмати давлатӣ ворид шудани шаҳрвандон яке аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлол буда, аз моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдии кишварамон шаҳодат медиҳад.

Дар қисми тантанавии машғулият кормандони Агентии хизмати давлатӣ моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, ҳамчунин аз ҷониби сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Толибов Р.Ғ. оид ба тағйиру иловаҳо маълумот дода шуд.