23:31, 08 Апрели 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд:

Категория: Основная

- мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеиҷумҳурӣ;

   - мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

           1. Талаботи тахассусӣба довталабони мансабҳои мутахассиси пешбар:

           - таҳсилоти олии касбии иқтисодӣёҳуқуқшиносӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират боҷомеа, азҷумла маҳорати ба роҳмонданиҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер;

           -донистани забони давлатӣ.

Маоши мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеиҷумҳурӣ635 сомонӣ, иловапулӣбарои собиқаи хизмати давлатӣаз рӯиҷадвали тарифӣ.

Маоши мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 663 сомонӣ, иловапулӣбарои собиқаи хизмати давлатӣаз рӯиҷадвали тарифӣ.

           2.Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣва сомонаи Агентӣшинос шаванд.

 3. Аз довталабонҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣба номи  директори  Агентии  хизмати давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон;

 -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаиҳол;

- нусхаиҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086У);

- нусхаи шиноснома.

 4.Ҳуҷҷатҳо азҷониби Агентӣдар муҳлати 14 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар нашрия қабул карда мешаванд.

5. Муҳлатиқабулиҳуҷҷатҳо то 16 июли соли 2015

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33 (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ), индекс: 734003, телефон/факс: 224-02-74, почтаи электронӣ: info@аhd.tj, Веб-сайт:www.аhd.tj



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Июл 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон