00:13, 09 Апрели 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни дохилӣ эълон менамояд

Категория: Основная

- сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ

                1.Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби  сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ:

  -таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ  ё иқтисодӣ ё дигар ихтисосҳои гуманитарӣ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла  маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

    - кор карда тавонистан бо компютер.

Маоши мансабӣ 1794,15 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.

2. Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.

3. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-ариза ба номи директори  Агентии  хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шакли муқарраршуда;

-делои шахсӣ.

 4. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи хадамоти кадрии Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 14 рӯз баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд.

5. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 23 ноябри соли 2015

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс: 224-02-74, почтаи электронӣ: info@ahd.tj, Веб-сайт: www.ahd.tj



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон