User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумита - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад, ва кор карда тавонистан бо компютер.

Маоши мансабӣ 1760 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мудири бахши таҳсилоти динии Кумита - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад, ва кор карда тавонистан бо компютер.

Маоши мансабӣ 1444 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси раёсати иттиҳодяҳои динии Кумита - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад, ва кор карда тавонистан бо компютер.

Маоши мансабӣ 883 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

 

  1. Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумита - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад, ва кор карда тавонистан бо компютер.

Маоши мансабӣ 883 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони Раиси Кумита (шакли муқарраргардида);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое,ки шахс собиқаи  меҳнатӣ 

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

- маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат.

- маълумотнома (справка-объективка);

- хислатнома;

- дело (скоросшиватель);

 

 Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар бинои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кўчаи Лоҳутӣ - 14 қабул карда мешаванд. Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз.

Телефон барои тамос: (99237) 223-12-58. Сомонаи Кумита – www.din.tj

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.