ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
3.Мутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари маќомот;
-вараќаи баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-нусхаи диплом;
-4 дона расми 3х4 ранга;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз маќомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
-маълумотнома аз ҷойи истиќомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;
-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); -нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома (сиви-обьективка);
-маълумотнома оиди надоштани доғи Судӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиќаи хизмати давлатӣ дар Мансабҳои категорияи дуюм ё 5 сол собиќаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиќаи умумии меҳнатӣ.
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банаќшагирии раванди корва кор бо тобеон.
Барои ишғоли мансаби сармутахасис:
-2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ монондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-1 сол собиќаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Суроғаи ќабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кучаи Б.Ғафуров- 373.
Телефон барои тамос: 44-600-02-15.
Муҳлати ќабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз баъд аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиќаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх