User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз -2022 санаи 18 марти соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ таҳти унвони

«Таърихи Наврӯз ва суннатњои наврӯзӣ» баргузор гардид.

         Дар чорабинӣ муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Ахмадзода Дилноза, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Ҳамчунин, дар ҷамъомад кормандони Агентии хизмати давлатӣ,   магистрантони яксолаи магистратураи Академияи идоракунии давлатӣ ва магистрантони магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» иштирок доштанд.

         Аҳмадзода Дилноза муовини директори Агентии хизмати давлатӣ дар симои кормандони Агентии хизмати давлатӣ тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфта, зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Мардуми тамаддунофари тољик ҷашнҳои муқаддаси миллиаамон — Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ  онҳо  ҷаҳонӣ гардиданд.       

         Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зимни баромад оид ба фалсафаи пайдоиши Ҷашни байналмилалии Наврўз ва аҳамияти таҷлили ин ҷашн барои насли имрўз андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки  Наврӯз ҳамчунин  ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ,  бародарӣ, нерубахши сулҳу оштӣ шинохта шудааст. Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврўз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни тоҷикон мебошад.

         Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ роҷеъ ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиќлол ва эҳёи арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик, бахусус насли ҷавонро лозим аст, ки дар атрофи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри ҳифзи ин хоки пок, ин мазраи муқаддас, ки онро ном Тоҷикистон ва хонаи умеди ҳар як тоҷику тоҷикистонист, саҳм гузоранд. 

         Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ҳозиронро бо Ҷашни байналмилалии Наврўз муборакбод намуда, барои ҳозирон оид ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз маърӯзаи пурмуҳтаво карда, шеърҳои тараннумгари баҳору Наврўз, Ватану меҳанпарастӣ қироат намуд.

         Дар анҷоми чорабинӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маросими савгандёдкунии кормандони ҷавон баргузор гардида, Паҳлавонова Шукрона Суҳробовна-мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва Маҷидзода Саидаброр Исломҷон-сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат  дар ҳузури меҳмонон, ҳайати кормандон ва магистрантон ботантана савганд ёд намуданд.

                                                                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон