ҲАМАИ ХАБАРҲО
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини арҷманд!
Бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дустию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Бо арзи ихлосу эҳтиром Шуморо ба муносибати 70-солагии баҳори умратон табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ ва дар иқдомҳои ояндаатон пирӯзиҳоро хоҳонем.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз -2022 санаи 18 марти соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ таҳти унвони
«Таърихи Наврӯз ва суннатњои наврӯзӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Ахмадзода Дилноза, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад кормандони Агентии хизмати давлатӣ, магистрантони яксолаи магистратураи Академияи идоракунии давлатӣ ва магистрантони магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» иштирок доштанд.
Аҳмадзода Дилноза муовини директори Агентии хизмати давлатӣ дар симои кормандони Агентии хизмати давлатӣ тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфта, зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Мардуми тамаддунофари тољик ҷашнҳои муқаддаси миллиаамон — Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ онҳо ҷаҳонӣ гардиданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зимни баромад оид ба фалсафаи пайдоиши Ҷашни байналмилалии Наврўз ва аҳамияти таҷлили ин ҷашн барои насли имрўз андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки Наврӯз ҳамчунин ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерубахши сулҳу оштӣ шинохта шудааст. Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврўз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни тоҷикон мебошад.
Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ роҷеъ ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиќлол ва эҳёи арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик, бахусус насли ҷавонро лозим аст, ки дар атрофи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри ҳифзи ин хоки пок, ин мазраи муқаддас, ки онро ном Тоҷикистон ва хонаи умеди ҳар як тоҷику тоҷикистонист, саҳм гузоранд.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ҳозиронро бо Ҷашни байналмилалии Наврўз муборакбод намуда, барои ҳозирон оид ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз маърӯзаи пурмуҳтаво карда, шеърҳои тараннумгари баҳору Наврўз, Ватану меҳанпарастӣ қироат намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маросими савгандёдкунии кормандони ҷавон баргузор гардида, Паҳлавонова Шукрона Суҳробовна-мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва Маҷидзода Саидаброр Исломҷон-сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат дар ҳузури меҳмонон, ҳайати кормандон ва магистрантон ботантана савганд ёд намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх